Аманда Нунес пас аз суханони раҳбари UFC Ким Кардашянро ба ринг хонд - акс

© AFP 2021 / SEAN M. HAFFEYАманда Нуньес
Аманда Нуньес - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Нунес Кардашянро пас аз он ба ринг хонд, ки президенти Ultimate Fighting Championship (UFC) дар бораи муборизаи Флойд Мейвезер ва Логан Пол изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Қаҳрамони UFC дар ду вазн - Аманда Нунес ситораи амрикоӣ Ким Кардашянро ба рақобат даъват кард.
Ҳамин тариқ, Нунес ба суханони президенти UFC Дана Уайт, ки зимни шарҳи муборизаи Флойд Мейвезер ва Логан Пол пешниҳод кардааст, ки Нунес ва Кардашян ба ринг бароянд, вокуниш кард.
Дар ин росто қаҳрамон дар Инстаграм акс нашр кард.

"Эй Ким, биё ин корро мекунем. Нунес бар зидди Кардашян", - навиштааст варзишкори бразилиягӣ.

Муборизаи қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар панҷ вазн - Флойд Мейвезер бо блогер Логан Пол дар Майами (Флорида, ИМА) баргузор шуд.
Ҷавоби Майвезер ба Ҳабиб: 600 миллион доллар диҳанд, меҷангам
Ин рақобат ҳашт давр давом кард. Азбаски ин задухӯрди намоишӣ буд, бидуни эълони қарори доварон ба поён расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала