Ҳавошиносони тоҷик то 43 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки на улице в Душанбе, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар шарқи ВМКБ ҳам дамои ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Ожонсии ҳавошиносӣ имрӯз ҳавои камабру тағйирёбанда ва ҳамзамон тафсону пур аз чангу ғуборро пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кутоҳмуддат меборад. Дамои ҳаво дар шарқи вилоят рӯзона 15+20 ва шабона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ин вилоят бошад, шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ меборад. Ҳамзамон ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо рӯзона 33+38 ва шабона 18+23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Национальная библиотека Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Борон, раъду барқ ва то 41 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳамчунин дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзона дар водиҳо 38+43 ва шабона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0