Нахустин дар ОМ: Азизӣ дар Душанбе озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бунёд гузошт

CC BY 2.0 / Alexander Svensson / REEM RobotРобот, архивное фото
Робот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Дар Душанбе нахустин озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ба кор даромад
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Нахустин озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ - "TajRupt" дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати саноати Тоҷикистон.
Асосгузори ин озмоишгоҳ донишҷӯи 23-солаи бахши магистратураи Мактаби Ҳарвард мебошад.
Гуфта мешавад, "TajRupt" бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нав Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Азизджон Азими, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Таъйини Азизҷони Азимӣ ба мақоми нав дар Тоҷикистон
Барномаи таълимии "TajRupt" 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ аст. Дарсҳо як ҳафта се маротиба гузаронида мешавад.
Барномаи таълимӣ ба се сатҳ тақсим карда шудааст, ки аз рӯи таркиб ва мавзӯъҳои мушаххас фарқ мекунанд.
Донишҷӯ дар "TajRupt", дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳо, аз қабили сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендериро меомӯзад.
Нахустин дар таърих: ҷавони 20-солаи тоҷик дар феҳристи маҷаллаи Forbes
Манбаъ афзуда, ки дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазири саноат, раиси Бонки миллӣ ширкат карданд.
Азизҷон Азимӣ — ҷавонтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Ню-Йорк дар соли 2016 буда, номзади MBA / MPP бо дараҷаи дукаратаи Мактаби олии бизнеси Стэнфорд ва Мактаби мудирияти Ҳарвард ба номи Джон Кеннеди маҳсуб меёбад.
Ба рӯйхати "30 то 30" соҳибкорони ҷавонтарин шомил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала