Хушксолии фоидаовар: Тоҷикистон омодааст аз Қазоқистон обро бо сӯзишворӣ иваз кунад

© PixabayЗакат на море
Закат на море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Хушксолӣ ва камобӣ дар Сирдарё Қазоқистонро маҷбур сохт, ки бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон барои об муомила кунад
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Қазоқистон ба ивази об барои обёрии биринҷ ба Тоҷикистон таҷҳизот, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ медиҳад. Дар ин бора муовини вазири экология, геология ва захираҳои табиии ҷумҳурӣ Серик Кожаниёзов дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтааст.
Ёдовар мешавем, ки ба сабаби камбуди об дар Сирдарё, кишоварзони минтақаи Қизилурда маҷбур шуданд, ки кишти шолиро панҷ ҳазор гектар коҳиш диҳанд, аз 89,4 ҳазор дар соли 2020 то 84,4 ҳазор имсол поин омадааст.
Дарё раги асосии оби минтақа буда, аммо айни замон дар он об кам аст. Барои обёрии шолизор захираҳо кифоя нестанд.

"Норасоии об дар Сирдарёро на танҳо Қазоқистон, балки Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон низ мушоҳида карданд", - гуфт Кожаниёзов.

Ба гуфтаи ӯ, мушкил дар сатҳи давлатӣ ҳалли худро меёбад: мақомот созишномаҳо ва барномаҳои байниҳукуматиро таҳия мекунанд.
Ғуруби офтоб дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар наздикии деҳаи Морское дар Қрим. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Тоҷикистон Қазоқистонро бо об таъмин мекунад
Яке аз ин тадбирҳо табодули мол бо кишварҳои ҳамсоя буд. Ҳамин тавр, ба ҷои 370 миллион метри мукааб об, Қирғизистон 370 миллион ва Ӯзбекистон - 250 миллион киловатт-соат барқ ​​хоҳанд гирифт. Кожаниёзов қайд кард, ки Қазоқистон бо Тоҷикистон низ гуфтушунид мекунад.
"Бо таъмин кардани онҳо бо таҷҳизоту сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ мо метавонем дар поёни дарёи Сир ба миқдори 300-400 миллион метри мукааб об дошта бошем", - гуфт ӯ.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз обанбори "Баҳри Тоҷик" ба Қазоқистон 315 миллион метри мукааб об мефиристад. Қарорро вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа ва вазири экологияи Қазоқистон Магзум Мирзоалиев зимни як ҷаласаи муштарак қабул карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала