Мирзиёев Раҳмонро ба Ӯзбекистон даъват кард

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сафари ҷавобӣ ба Тошканд даъват кард
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Дар Душанбе гуфтушуниди президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар сатҳи баланд идома доранд.
Зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев аз номи худ ва мардуми Ӯзбекистон, Тоҷикистонро бо 30-солагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик намуда, сулҳу шукуфоии минбаъдаро таманно кард.

"Роҳбари давлати мо аз Президент Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад", - хабар медиҳад котиботи президенти Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев барои даъват ва пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи бесобиқа расиданд.
Мирзиёев гуфт, ки Ӯзбекистон ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мошинсозӣ, технологияҳои баланд, илм, маориф ва кишоварзӣ умедвор аст ва сафари имрӯзаро пурсамар хондааст.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Бо гул ва оғӯш: чӣ гуна Раҳмон дар Душанбе Мирзиёевро истиқбол кард - акс
"Агар дар бораи муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ сухан ронем, бори аввал рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон бомуваффақият гузаронида шуданд, ба қарибӣ ҷавонони кишварҳои мо дар водии Фарғона мулоқот мекунанд. Хулоса, наздикии таърихии мо имрӯз дар воқеият таҷассум ёфтааст, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Эмомалӣ Раҳмон бошад, Тоҷикистону Ӯзбекистонро ду давлати бародар ва муттаҳидони муҳими стратегӣ хонда гуфтааст, солҳои охир дӯстӣ ва шарикии стратегии мо дар ҳама соҳаҳо маълум шуданд ва умедворам, ки мулоқоти имрӯзаи мо низ самарабахш хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, сафари президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон имрӯзу фардо идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала