Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрел бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт

Барномаи имрӯзи Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе - аз Қасри миллат то Варзобу Кохи Борбад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Дар назар аст сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқоти як ба як доир кунанд ва баъди он баргузории мулоқоти васеъ бо ширкати ҷонибҳо доир хоҳад гашт
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Барномаи сафари имрӯзаи Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дақиқ шуд.
Бино ба иттилои дастраси Sputnik Тоҷикистон шуда, нахуст дар Қасри миллат маросими истиқболи расмии Шавкат Мирзиёев доир хоҳад гашт.
Пас аз истиқболи расмӣ дар назар аст сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқоти як ба як доир кунанд ва баъди он баргузории мулоқоти васеъ бо ширкати ҷонибҳо доир хоҳад гашт.
Имрӯз ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба таври онлайнӣ дар маросими ифтитоҳи беморхонае, ки Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва мактабе, ки Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд сохт, ширкат хоҳанд кард.
Дар идомаи нишаст ҷонибҳо созишномаҳои дуҷонибаро имзо карда, ҳамзамон изҳороти матбуотӣ хоҳанд дод.
Ҳамзамон сарони кишварҳо дар маросими гулгузори назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои ӯзбекашро барои меҳмондорӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ ба бӯстонсарои ҳукуматӣ ба Пуғус мебарад ва шом бошад дар барномаи консертии бузург таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" ширкат хоҳанд кард.
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Таъсиси Бунёди муштараки 50 миллиондолларии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.
Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0