Дар Русия қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бештар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ вайрон мекунанд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузаштан ба хазинаи аксИнспектор Специального батальона ГИБДД
Инспектор Специального батальона ГИБДД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Дар Русия муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нисбат ба дигар шаҳрвандони хориҷӣ бештар вайрон мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон қоидаҳои ҳаракат дар Русияро нисбат ба дигар хориҷиён бештар вайрон мекунанд.
Дар ин бора дар шарҳи иттилоотию таҳлилии Маркази илмии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ВКД Русия гуфта шудааст.

"Ба ҳисоби миёна аз теъдоди умуммӣ панҷяки садамаҳои нақлиётиро, ки бо гуноҳи ронандагон содир шудааст, ба шаҳрвандони кишварҳо, аз қабили Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рост меояд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ҳамин тариқ, шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд, ба содир кардани нисфи ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, ки хориҷиён дар соли гузашта содир кардаанд, гунаҳгор дониста мешаванд.
Каршеринговый автомобиль попал в ДТП  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2020
ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад мақомоти Русия метавонанд вуруди хориҷиёнеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, манъ кунанд.
Тӯли соли 2020 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи номатлуб будани будубоши хориҷиён дар Русия бо ин сабаб 2371 дархост пешниҳод кардаанд. Гарчанде ин нисбат ба соли 2019 камтар аст, аммо дархост дар бораи 743 нафар қонеъ карда шудаст. Гуфта мешавад дар гузашта ба сари ҳар даҳ нафар якто чунин дархостҳо қонеъ карда мешуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала