Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Ҳайрати Шавкат Мирзиёев аз рушди Душанбе: "дар се сол хеле тағйир ёфтааст" - видео

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Зебогӣ ва пешрафти шаҳри Душанбе кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро тасхир кард
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз пешрафти шаҳри Душанбе ситоиш кард.
Ӯ зимни суҳбат бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Душанбе дар тӯли се сол симои худро ба куллӣ дигар кардааст.

"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон низ дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Дар баробари ин, президенти Ӯзбекистон аз ҳамкориҳои минёи ду кишвар ёдрас шуда, қайд кард, ки имзои созишномаҳои нав миёни ду кишвар гувоҳи рушди муносибот аст.
Президенти Ӯзбекистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев аз вилояти Суғд низ боздид мекунад.
Ҳамзамон сарони кишварҳо дар маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат хоҳанд кард.
Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - акс
Анҷоми рӯзи аввали сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон - консерти бошукӯҳ "Шоми дӯстӣ" бо ширкати 250 санъаткори Тоҷикистону Ӯзбекистон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0