Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: cартабиби Бемористони вилоятӣ нав шуд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Фирӯз Комилов, иҷрокунандаи сартабиби Бемористони клиникавии Суғд таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Ин таъйиноти кадрӣ бо пешниҳоди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сурат гирифтааст. Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикисон, таъйиноти кадрии сохтори тандурустиро тасдиқ намуданд.

“Рӯзи душанбе, Комилов расман кори худро минҳайси иҷрокунандаи сартабиб дар Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов оғоз намуд. Барои муаррифии ӯ ба ин мақом Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва як намояндаи дигар аз шуъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ иштирок намуданд”, - гуфт манбаъ.

Фирӯз Комилов дар ин мақом Баҳодур Муъминовро иваз намуд.
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Таъйиноти кадрӣ: Абдуллозода, роҳбари КАТС - и ноҳияи Аштро таъйин кард
Муъминов ҳамагӣ як сол муқаддам, моҳи май, ки маризии коронаиврус дар кишвар авҷ гирифта буд, сартабиб таъйин гашт. Номбурда қаблан мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар вилояти Суғд кор мекард.
Сартабиби ба ин мансаби давлатӣ моҳи майи соли 2018, тибқи қарори раиси вилояти Суғд ва бо розигии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Комилов Фирӯз кист

Комилов Фирӯз Мухторович, 18 августи соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Музаффар Азизов роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия шуд
Соли 2006 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси дандонпизишк хатм намудааст.
Солҳои 2006-2012 минҳайси дандонпизик дар Беморхонаи клиникавии № 1 - и Хуҷанд кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0