Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд, якҷоя автомобил истеҳсол кунанд

Автозавод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Дар Бохтар нахустин форуми сармоягузории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин форум созишномаҳо дар бораи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсоли мошинҳо ва асбобҳои рӯзгор ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар арафаи сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Бохтар нахустин форуми сармоягузории байниминтақавии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Дар ин чорабинӣ муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, инчунин роҳбарони вазоратҳо, бонкҳо, сарони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ва тақрибан 300 соҳибкор ширкат варзиданд .
Дар ин форум эълон карда шуд, ки бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки умедбахш дар соҳаҳои иқтисодиёт Фонди сармоягузории Ӯзбекистон-Тоҷикистон бо сармояи оинномавии 50 миллион доллар таъсис дода мешавад.
Форум деловых кругов Таджикистана и Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Тиҷорат бештар мешавад: тоҷирони 13 минтақаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омаданд
Дар ҷараёни форум сарони минтақаҳо ва шӯъбаҳои махсуси ду кишвар суханронӣ намуда, назари худро дар бораи имкониятҳои ҳамкории сармоягузорӣ, инчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, ба монанди автомобилсозӣ саноат, бофандагӣ, чарму пойафзол, хӯроквориву электротехника, инчунин кишоварзӣ, пешниҳод карданд.
Дар фарҷоми форум, Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ва Агентии содироти назди Тоҷикистон ба имзо расид.
Инчунин дар ин форум созишномаҳо дар бораи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсоли мошинҳо, трансформаторҳо, техникаи маишӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, маҷмааҳои гармхонаӣ ва корхонаҳои парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот, инчунин як қатор шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.
Гуфта шудааст, ки маблағи умумии шартномаҳои баимзорасида 730 миллион долларро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала