Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

“Ворисони Тӯпи Мир”: пиразане, ки Мирзиёевро хоб мебинад

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Он замонҳоеро, ки Шавкат Мирзиёев ба дидори хешовандонаш меомад, кам касе ба ёд дорад. Омадану рафтанашро ба ҷуз наздиконаш касе намедонист. Ҳоло ӯ барои ҳама ошност ва хеле чашмҳо ба роҳи ӯ чоранд, бахусус пиразане, ки хотираҳое аз бобои ӯ дорад
ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Дар Яхтан, деҳае дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд, ки ватани бобоии Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аст, мардум, ба шумули хешовандонаш, зиндагии оддиву рӯзмаррае доранд.
Як деҳае бо ҳудуди 10 ҳазор сокин аст ва шуғли асосии мардум кишоварзиву молдорист. Чеҳраҳои офтобхӯрдаву устухонӣ ва дастони шахшӯлу қавӣ, ки ҳангоми дастфишорӣ маълум мешавад, онҳоро як мардуми меҳнатӣ, айни замон, одиву содадил муаррифӣ мекунанд.
Кам каси онҳо аз таърихи гузаштагони ҳамшаҳрии маъруфашон Шавкат Мирзиёев огаҳ аст, аммо номи ӯ ба онҳо ифтихор мебахшад, бахусус барои ин кораш, ки пас аз ба қудрат расидани ӯ дар соли 2016 равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон содаву марзҳо барои тиҷорату рафтуомад боз шуданд.
© Sputnik / Амир ИсаевЯхтан - село в районе Деваштич, Таджикистан
Яхтан - село в районе Деваштич, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Яхтан - село в районе Деваштич, Таджикистан
Яхтан низ солҳои ахир чеҳраашро тағйир додааст. Як мактаб ва як кӯдакистони асрӣ дар он сохта, чандин чоҳи об ҳам барои сокинону кишоварзони деҳа аз ҳисоби ҳукумат канда шуданд. Осорхонаи Ӯрунбек Ёқубов, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, писарамаки падари Шавкат Мирзиёев, низ дар ҳоли анҷом ёфтан аст.
Миршакар Ӯрунбеков, набераи Ёқубов, ҳоло дар ҳавлие зиндагӣ мекунад, ки дар гузашта бобову бобокалонҳои президенти имрӯзаи Ӯзбекистон сукунат доштанд. Ӯ ба ифтихори падари Мирзиёев набераи худро ҳам Мирамон ном гузоштааст.
“Ман Шавкат Мирзиёевро дар умрам вонахӯрдаам. Ӯро фақат дар телевизион мебинам, аммо ифтихор мекунам, ки хешу табори мосту бо роҳбар шуданаш муносибатҳои давлати мо бо Ӯзбекистон хуб шуданд, халқҳои мо наздик мешаванд, иқтисодҳои мо пешрафт мекунад. Аз ин чӣ беҳтар буда метавонад?”, - мегӯяд Миршакар.
Онҳое, ки гузаштагони президенти Ӯзбекистонро мешинохтанд, дигар дар Яхтан нестанд. Аммо онҳое, ки худи ӯро дар замони тифливу наврасӣ дида буданд, ҳанӯз зиндаанд ва бо камоли майл қиссаҳо мекунанд.
© Sputnik / Амир ИсаевМиршакар Урунбоев и его внук Мирамон
Миршакар Урунбоев и его внук Мирамон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Миршакар Урунбоев и его внук Мирамон
Аммо то ин ки ба қиссаи Шавкат Мирзиёев бирасем, мепардозем ба тафсилоте дигар аз зиндагии гузаштагони ӯ.

Тарки ватан

Аҷдоди Мирзиёев аз “тӯпи мирон” (расонаҳо ба иштибоҳ “миртӯппиҳо” гуфтаанд) ё авлоди мирҳои Яхтананд, ки ба бовари сокинони ин деҳа, қадомати то 1000 – сола дорад. Яхтан то Инқилоби Октябр тобеъи волост, ё бекигарии Ӯротеппаи аморати Бухорову генерал – губернатории Туркистони империяи Русия, буд. Дар он замонҳо беки Ӯротеппа қаламрави худро тариқи “мир” – ҳо идора мекард, ки яке аз охирини онҳо дар Яхтан ҳамин бобокалони Шавкат Мирзиёев – Мирбобо, дар миёни мардум маъруф ба “Бойбобо” буд.
© Sputnik / Амир ИсаевНедостроенный музей Урунбека Якубова, героя Советского Союза, где жили первые мири
Недостроенный музей Урунбека Якубова, героя Советского Союза, где жили первые мири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Недостроенный музей Урунбека Якубова, героя Советского Союза, где жили первые мири
“Бобоямон ҳам вакили ҳукумат, ҳам соҳиби заминҳову замбӯрхонаву молу чорвои зиёде буд. Ӯ ба мардуми одӣ кӯмак мекард, аз ин хотир, эҳтиром дошт. Ҳар чиро, ки дар деҳа тавлид мешуд, аз қабили фаровардаҳои кишоварзӣ, назири ангуру гандуму асал ва чорвои мардум, бурда, дар бозорҳои Самарқанду Хуҷанд ва Тошканд фурӯхта меомад. Як шахси ҳушёр, кордону ботадбири замони худ ва соҳиби сарвати зиёд буд”, - қисса мекунад Норинисо Ортиқова, сокини 70 – солаи деҳаи Яхтан.
Мирбобо се писар дошт – Мирёқуб, Мирзиё ва Мираброр ва ду духтар – Руқия ва Рухсатой. Як марди муътабар буд, аммо шоҳиди он набудааст, ки ба сари писаронаш чӣ омад. Ӯ замони тӯфонҳои солҳои 20-ум олами фониро тарк мекунад ва сарвату дороиҳояшро ба фарзандонаш мерос мегузорад.
Солҳои 30 – юм, замони колхозкунонӣ, намояндагони ҳукумати Шӯравӣ ба ҷони онҳо омада, талаб мекунанд, ки молу сарваташонро ба колхоз таслим кунанд. Дар пайи ин Мирзиё ва Мираброр аз хавфи кулакшавӣ як қисми чорвояшонро гирифта, ба Ӯзбекистон кӯч мебанданд. Мирзиё дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах ва Мираброр дар ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон сукунат ихтиёр мекунанд.
© Sputnik / Амир ИсаевНоринисо Ортикова, родственница узбекского президента
Норинисо Ортикова, родственница узбекского президента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Норинисо Ортикова, родственница узбекского президента
Норинисо Ортиқова, набераи писарии Мираброр аст, ки дар Сирдарё ба дунё омада, баъдтар ба яке аз хешовандонаш дар Яхтан ба шавҳар мебарояд. Вай мегӯяд, бобоям бисёр ватанашро ёд мекард ва ба ман ҳам гуфта буд, ки бо ту робитаи мо бо Яхтан ҳеҷ гоҳ канда намешавад.

Тағои меҳрубон

Мирзиё, ба қавли наздиконаш, дар миёни бародарон танҳо нафаре буд, ки таълим гирифта, “Қуръон” – у дигар китобҳоро хонда метавонист ва шахси соҳиби савод буд. Дар Зомин ӯ барои қути хонавода ба деҳқониву молдорӣ машғул шуд, аммо робитаи худро бо хешу ҳамдеҳагонаш дар Яхтан ҳеҷ гоҳ набурид.
Холдор Дуҳурова, сокини 87 – солаи шаҳри Истаравшан, куҳансолтарин хешованди Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон аст. Ӯ низ набераи духтарии Мираброр буда, танҳо нафарест, ки тағояш Мирзиёро дидааст ва аз ӯ хотираҳои ҷолиб дорад.
“Панҷ – шаш сол доштам. Охири солҳои 30 – юм буд, ки тағоям бо иттифоқи се нафари дигар барои “Мясомолпром” (Идораи гӯшту шири замони Шӯравӣ) – и шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) мол оварда, як шаб дар хонаи мо монданд. Аммо натавонистанд Ленинобод раванд, зеро аз сардии зиёд мариз шуданд. Падарам он касро ба шифохонаи шаҳраки Ғончӣ бурданд. Се моҳ хобиданд. Вақте шифо ёфтанд, падарам он касро ба Ӯротеппа оварда, бо мошинҳои боркаш ба Зомин фиристоданд. Он замон мошин кам буд. Фақат дар Ӯротеппа, он ҳам мошинҳои боркаши сарироҳиро мешуд пайдо кард”, - қисса мекунад Холдор Дуҳурова.
© Sputnik / Амир ИсаевБюст Урунбека Якубова, Героя Советского Союза в кишлаке Яхтан
Бюст Урунбека Якубова, Героя Советского Союза в кишлаке Яхтан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Бюст Урунбека Якубова, Героя Советского Союза в кишлаке Яхтан
Хотираи дигари холаи Холдор аз тағояш Мирзиё аз солҳои 50-уми асри гузашта аст. Он замон Мирзиё ва ҳамсараш аз Зомин барои дидани писари бародараш Мирёқуб - Ӯрунбек Ёқубов, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Яхтан омад. Як шаб ҳам дар хонаи холаи Холдор, ки ба шавҳар баромада, дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) мезист, меҳмон шуд.
“Сари маро сила карда, ҳамон замони дар шифохонаи Ғончӣ хобиданашонро ба ёд оварданд. Гуфтанд, вақте ман мол оварда будам, ту духтари хурде будӣ. Вақте дар шифохона мехобидам, ту ҳезуму таппак оварда, утоқи маро гарм мекардӣ. Як шахси ҳалиму меҳрубоне буданд. Қиссаҳои зиёде мекарданд, ки ба далели пирӣ, дуруст ёдам намондаанд. Фардои он рӯз хестанду бо ҳамсарашон роҳии Зомин шуданд”, - ба ёд меорад холаи Холдор.

Бачаи шӯх

Хешовандон Шавкат Мирзиёевро хуб дар ёд доранд, аммо ӯро фақат дар даврони тифливу наврасиаш дидаанд. Пас аз он ки ӯ ба Тошканд барои хондан рафтаасту баъдтар дар вазифаҳои давлатӣ кор кардааст, ӯро надидаанд.
Норинисо Ортиқова мегӯяд, ӯ дар замони бачагиву наврасӣ як ду бор бо иттифоқи падару дигар наздиконаш ба тӯйю маъракаҳои хешовандон ба Яхтан омада буд.
“Як бачаи шӯх, аммо боадаб буд. Салому алайки хуб дошт. Бо ҳамсолонаш бозӣ мекард, мисли дигар бачаҳо эрка набуд. Ӯ дар хотираҳои ман ҳамин гуна нақш бастааст. Аммо баъди бузург шуданаш ӯ дигар ба Яхтан наомад. Ҳоло фақат аз телевизион мебинем. Як чизе миёни он тифлу ин раҳбари як давлатро мебинаму дуо мекунам, ки ӯву ҳамкоронашро Худованд дар паноҳаш нигоҳ дорад”, - мегӯяд ӯ.
Холаи Холдор дар замони Шӯравӣ борҳо бо иттифоқи модару наздикони дигар ба маъракаи хешовандонашон ба Зомин рафтаанд. Вай мегӯяд, тағобачаи маъруфашро дар ҳамон замони кӯдакиву наврасиҳояш дидааст.
© Sputnik / Амир ИсаевХолдор Духурова, старейшая родственница Мирзияева, живёт в городе Истаравшан
Холдор Духурова, старейшая родственница Мирзияева, живёт в городе Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Холдор Духурова, старейшая родственница Мирзияева, живёт в городе Истаравшан
“Худашу як бародараш буданд, ки номашро фаромӯш кардаам. Хеле шӯх буданд, ҳамаро ба сар мебардоштанд. Бори дигар, ки рафтам, ӯ ба Тошканд рафта буд. Аммо хонаашон ҳамеша пуродам буд. Бори охир, ки барои зиёрати бобои Мирзиёям рафтам, девору дар, то кӯрпачаву қолинҳои хонаашон саросар сафед буданду одам кам. Хиёлам, ки кадом як осорхона карданӣ буданд”, - ба ёд меорад холаи Холдор.
Шавкат Мирзиёев як замон раиси вилоятҳои Ҷиззаху Самарқанд, баъдтар сарвазири Ӯзбекистон буд. Аз соли 2016 президенти Ӯзбекистон, яке аз кишварҳои калидии минтақа аст.
Он чӣ ӯро бо Тоҷикистон рабт медиҳад, бобову бобокалонҳои ӯянд, ки дар деҳаи Яхтан як зиндагии осудае аз меҳнату обилаи дасти худ доштанд ва тӯфони ҳаводис онҳоро ба Ӯзбекистон афканд. Чизи дигар тағйири сиёсатҳои Ӯзбекистон бо ҳамсоякишварҳо, бахусус Тоҷикистон дар пайи ба қудрат расидани ӯст, ки замони Ислом Каримов, роҳбари қаблии ин кишвар, як “даврони сардӣ” - и бесобиқаеро таҷриба мекард.

Хоби пиразан

Холаи Холдор ду сол пеш набераи тағояшро дид, аммо дар хоб. Ӯ дар теппаи баланде буду Шавкат Мирзиёев бо иттифоқи як нафари дигар дар поён. Аммо президент боло нашуд. Чизе иттифоқ афтоду рафт. Он шаб холаи Холдорро хоб набурд.
“Як рӯз хабар ёфтам, ки Шавкат Мирзиёев Бекобод меояд. Он ҷо рафтам ва ба идораи ҳукуматаш ворид шуда гуфтам, ки мехоҳам президентро бубинам, чун аз ақрабояш ҳастам. Гуфтанд, ки кори президент баромадаасту Бекобод нахоҳад омад, аммо агар диданӣ ҳастед, телефонатонро гузоред, ҳамин ки омад, мо Шуморо хабар мекунем”, - қисса мекунад холаи Холдор.
Ва ӯ то ба ҳол мунтазир аст, ки ба ӯ занг мезананд, зеро дигар маҷоли рафтан ҳам надорад...
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала