Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Раҳмону Мирзиёев вориди Хуҷанд шуданд: президентҳо чӣ кор хоҳанд кард

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Хуҷанд расиданд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар идомаи сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд расид.
Дар ин сафар ӯро кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ мекунад.
Музаффар Юнусов, роҳбари Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар фурудгоҳи Хуҷанд меҳмонони олимақомро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар роҳбарони сохторҳо истиқбол намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад
Қарор аст, президентҳо нахуст дар Қасри маданияти “Арбоб” бо зиёиёни ду кишвар мулоқот доир намуда, сипас давоми рӯз аз обанбори “Баҳри Тоҷик”, корхонаи “Қолинҳои Суғд” ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар боғи “Ваҳдат” боздид кунанд.
Ин аввалин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад.
Дар ҷараёни мулоқоти раисони ҷумҳуриҳо ба имзорасонии як қатор созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0