Боду борон ва раъду барқ: ҳавои Суғд дар рӯзи сафари президентҳо

CC BY-SA 2.0 / Mark Ordonez / IMG_1028Дети играют под дождем, архивное фото
Дети играют под дождем, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Ҳавои вилояти Суғд ба пешвози раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ноустувор мешавад. Борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, дар вилояти Суғд имрӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар аксар минтақаҳо шамол то 13-18 метр дар як сония мевазад. Илова бар ин ба амал омадани раъду барқ низ пешгӯӣ мешавад. Ҳавои ноустувори вилояти Суғд дар ҳолест, ки имрӯз раисиҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят сафар мекунанд.
Зимнан, дар ВМКБ ҳаво бебориш мешавад. Дар шарқи ин вилоят рӯзона 13+18 ва шабона 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ғарби вилоят бошад, дамои ҳаво рӯзона 24+29 ва шабона 10+15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Окрестности города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Боду борон, чангу ғубор ва то 42 дараҷа гармӣ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон рӯзона 29+34 ва шабона 15+20 дараҷа гарм шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Ҳавои ноҳияҳои тобеи марказ ҳам боронӣ мешавад. дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво рӯзона 26+31 ва шабона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Рӯзона ҳаво то 36+38 ва шабона то 19+21 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала