Ҷамъбасти сабқати ҷудо дар Душанбе ва эълони ғолибон: ном ба ном

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Дар Душанбе сабқати ҷумҳуриявии ҷудо ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Рӯзҳои 9-10 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 дар шаҳри Душанбе сабқати ҷудо баргузор шуд.
Бино ба гузориши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 47 варзишгар ширкат карданд.
Ҳамин тавр барои ҷойҳои намоён ҷудокорон дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Бадахшон, Хатлон, Суғд, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карда, дар 7 вазн миёни мардон, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо қувваозмоӣ намуданд.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Шикасти панҷ паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
"Дар 3 вазн намояндагони Душанбе, дар 2 вазн намояндагони Хатлон, дар 1 вазн варзишгарони Суғд, дар як вазн варзишгарони ВМКБ ғолиб шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.

Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба ҷудо

Дар вазни 60 кило, мақоми аввалро Муҳаммадсолеҳ Қувватов - намояндаи Хатлон-1 аз худ карда, мақоми дуюм насиби намояндаи Суғд, Мустафо Ашӯрзода шуду ҷойи сеюм якбора ба ду варзишкор - Амирҷон Азизуллоев аз Душанбе ва намояндаи Хатлон -1 Муслиҳиддин Хайруллоев шуд.
Дар вазни 66 кило намояндаи Хатлон -2 Баҳром Суфиев ҷойи аввал, Муслимбек Каримов намояндаи Хатлон-1 мақоми дуюм гирифту ҷойи сеюмро ду намояндаи душанбе - Идибек Сафаров ва Ҷамшеди Нуралӣ сазовор шуданд.
Ҳамин тавр, дар вазни 73 кило мақоми аввал насиби Муҳаммадиқбол Тошов аз Суғд, ҷойи дуюм насиби Масъуди Аҳмадзод аз Душанбе шуду мақоми сеюмро якбора ду варзишкор - Муҳаммад Саъдуллоев аз Рашт ва Муҳаммадраҳим Сархонов аз Душанбе тақсим карданд.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Талош барои роҳхати олимпӣ: Тоҷикистон ба сабқати Маҷористон 6 ҷудокор мефиристад
Дар вазни 81 кило Раҳматулло Фарҳодов аз Душанбе соҳиби ҷойи аввал гардиду Хусрав Аламов аз Хатлон-1 ҷойи дуюмро аз худ кард. Мақоми сеюмро Тӯйчибек Шарифов аз Душанбе ва Муҷиб Маҳробҷонзода - намояндаи Суғд тақсим карданд.
Дар вазни 90 кило мақоми аввалро Сабрулло Ҳикматуллоев намояндаи Душанбе соҳиб шуду ҷойи дуюмро Исроил Раҳимов гирифт. Мақоми сеюм ду намояндаи Хатлон - 1 Саидмуъмин Алиев ва Фарух Сафаров гирифтанд.
Ҳамин тавр, дар вазни 100 кило Фирдавс Насимов намояндаи Душанбе ҷойи аввал. Мансур Раҳмон аз Хатлон-2 - ҷойи дуюмро гирифтанду Саидашраф Саидраҳмонзода аз Рашт ва Абдулҳамид Муҳибов аз Душанбе сеюм шуданд.
Ва дар вазни аз 100 кило зиёд Фарёд Шайхов намояндаи ВМКБ соҳиби мақоми аввал ва Бобоҷон Бобоев аз Хатлон-2 ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Шайхиддин Додарбеков намояндаи Рашт ва Толибҷон Тоиров аз ноҳияҳои тобеи марказ мақоми сеюмро аз худ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала