Коргардони тоҷик раҳбари Хонаи марказии кино дар Маскав шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВалерий Ахадов, таджикский, российский режиссёр
Валерий Ахадов, таджикский, российский режиссёр   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Ҳунарманди шоистаи Русия ва Тоҷикистон қадимтарин клуби эҷодии кормандони синамои Маскавро ҳамакнун роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Коргардони маъруф, Валерий Аҳадов роҳбари Хонаи марказии кинематографистони Маскав шуд. Дар ин бора дар сафҳаи Facebook-и ин муассисаи фарҳангӣ хабар дода шудааст.
Дар иттилоия қайд карданд, ки дар робита ба тағйироти кадрӣ, натиҷаҳои озмун барои эҷоди як нишони нав барои Хонаи марказии кинематографистон, ки дар фасли баҳор баргузор шуд, давоми моҳи июн эълон карда мешаванд.
"Ин вақт барои Валерий Боқиевич зарур аст, ки шинос шавад ва намунаҳои пешниҳодшударо арзёбӣ кунад", - таъкид карданд ташкилкунандагони озмун.
Валерий Аҳадов, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик 9 августи 1945, дар Самарқанд, ба дунё омадааст. Вай ба соҳаи театр ва кино солҳои 1963-1965, вақте ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекард, дохил шуд.
Ӯ ходими хизматнишододаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), узви Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби раёсати Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Валерий Ахадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2019
Валерий Аҳадов: ҳар сонсургарӣ метавонад ба филм халал расонад
Аҳадов дар студияи "Тоҷикфилм" ба ҳайси равшангар ва ёвари оператор кор карда, сипас тасмим гирифт, ки худро комилан ба театр ва кино бахшад. Вай бахши коргардонии ВГИК-ро хатм карда, саррежиссёри Театри академии драмавии тоҷикии ба номи Лоҳутӣ шуда, ҳамзамон дар чанде аз филмҳо иштирок кардааст.
Дар Русия, коргардон барои ба саҳнагузории асарҳо дар Маскав, Магнитогорск ва Уфа кор кардааст. Намоишҳои Ахадовро ҳамзамон дар Кипр низ тамошо кардаанд.
Коргардон зиёда аз 20 филмро ба навор гирифтааст, ки машҳуртарини онҳо “Асрори оилаи Ғаюровҳо”, “Кӣ ба Турскаветск меравад”, “Дарвеши ланг”, “Руф”, "Гвардия ба пеш!", "Орзуҳои апрелӣ" ва бисёр филмҳои дигар мебошанд.
Ғайр аз ин, Аҳадов бо бисёр мукофотҳо ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0