Дар олимпиадаи Англия 6 толибилм аз Хуҷанд медали тилло гирифтанд

© РОО НУРIII Школьная олимпиада НУР 2019
III Школьная олимпиада НУР 2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Олимпиада аз фанҳои математика ва забони англисӣ дар Англия ба таври онлайнӣ баргузор шуд ва аз Тоҷикистон 50 толибилм аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Аз 50 хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, ки дар олимпиадаи байналмилалии "IMAC - online" иштирок намуданд, 41 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд.
Котиботи раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки олимпиада дар Англия аз фанни математика ва забони англисӣ ба таври онлайнӣ баргузор шуд ва 4 толибилми тоҷик медали тилло гирифтанд.
Ҳамчунин 17 хонанда соҳиби медали нуқра ва 18 тани дигар медали биринҷӣ гирифтанд.
Средняя школа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2020
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Манбаъ меафзояд, дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати ин муассиса дар 14 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, хонандагони болаёқати Литсей ба даври финалии озмуни байналмиллалии HIPPO (Италия) роҳхат гирифта, мунтазири эълони натиҷаи расмии ғолибон ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0