Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев барои ироаи кумак, изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кумаки Ӯзбекистонро халқи тоҷик фаромӯш нахоҳад кард.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар барномаи "Шоми Дӯстӣ" дар "Кохи Борбад" изҳор дошт.
Раҳмон гуфт, соли гузашта ҷаҳон бо озмоиши бесобиқаи марбут ба паҳншавии коронавирус рӯ ба рӯ шуд ва ба мушкилоти худ нигоҳ накарда, Ӯзбекистон бародарона ба мардуми Тоҷикистон кумак расонд.
"Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард", - гуфт кишвардор.
Дар ин росто президенти Тоҷикистон ба кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев изҳори сипос кард.
"Мехостам аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худам ба Шумо, бародари азизам, барои мусоидат ва кумакатон дар рафъи оқибатҳои пандемия миннатдории амиқ изҳор намоям", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бовар дорад, ки ҳамаи ин аз меҳрубонӣ ва саховати мардуми ӯзбек ва хиради Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳад.
Ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова бо суруди тоҷикӣ мухлисонашро дар Душанбе ба по хезонд - видео
Ёдрас мешавем, ки Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон ду рӯз 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон аст.
Ӯ аз пазироии гарми Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кард ва аз зебогию пешрафти Душанбе дар ҳайрат афтод.
Ҳайрати Шавкат Мирзиёев аз рушди Душанбе: "дар се сол хеле тағйир ёфтааст" - видео
"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала