Аз рублу доллар то евро: эълони арзиши асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикисон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули русӣ боз каме боло рафтаву аврупоӣ бошад, дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, каме поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1568 сомонӣ нишон дода шудааст, ки болотарин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ мебошад
Рубли русӣ, аз аввали соли ҷорӣ, ки дар ҳудуди 150 қарор дошт, моҳи апрел якбора аз он нишондиҳанда поин омад, аммо сар аз моҳи май устувориро нишон медиҳад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,3200 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз каме поин рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз қурби як евро 13.7538 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.8047 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 миллиард доллар расондани додугирифти мол
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.7538то 14.0000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1568 то 0.1575 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0