Зодрӯзи Абдуваҳҳоб Воҳидов ва нахустин заминларза дар Канада: рӯзи 11 июн дар таърих

© Sputnik День 11 июн нац
День 11 июн нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Рӯзи ёздаҳуми июн дар Непал аз Рӯзи шоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар Фаронса Рӯзи падар ва дар Амрико Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 11 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Чин аз оғоз шудани "сад рӯзи ислоҳот" хабар дода шуд.
Соли 1918 вазири ҳарбии Олмон генерал Штайн эълон намуд, ки Олмон аллакай дар ҷанги якуми ҷаҳон ғалаба ба даст овард.
Соли 1973 дар Ливия оид ба милликунонии ширкатҳои нафти Америка эълон паҳн шуд.
День 9 июн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Заминҷунбӣ дар Афғонистон ва ҳукми қатл барои фирор аз сарҳад: 9 июн дар таърих
Соли 1638 дар Канада аввалин маротиба заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Соли 2007 шумораи панҷоҳҳазорумини рӯзномаи "The Guardian" нашр шуд.

Рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин намоиш- ярмаркаи байналмилалии саноати сабук "ИнтерЛегПром-2009" доир шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.
Соли 2010 дар пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошканд ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Соли 2010 дар Тоҷикистон ташкилоти журналистии "Афкори ҷомеа" таъсис дода шуд.
Соли 2014 Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
День 8 июня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Зодрӯзи Мубораки Вахонӣ ва Озода Ашӯрова: 8 июн дар таърих
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро оид ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкурро дар давоми панҷ моҳи соли 2014 шунид.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуд.
Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июн

Дар Непал — Рӯзи шоҳ.
Дар Фаронса -Рӯзи падар.
Дар Амрико — Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1935 - Адҳам Бобоев, доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
Соли 1940 - Абдуваҳоб Воҳидов, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Соли 1943 - Шодмон Пӯлодӣ, оҳангсоз.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала