Поёни сафари Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон: Эмомалӣ Раҳмон гусел кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд ба Ватан парвоз кард
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон ба поён расид.
Кишвардори Ӯзбекистонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, раисиҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.
Ин сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифта буд. Шавкат Мирзиёев ду рӯз - 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон буд.
Дар ин ду рӯз сарони кишварҳо музокироти сатҳи олӣ баргузор карданду 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев барои кумакаш дар давраи пандемия изҳори сипос кард.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад
"Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард", - гуфт кишвардор.
Мирзиёев аз пешвози гарми ҳамтои тоҷикаш тавсиф намуд.
Ӯ гуфт, аз дақиқаҳои аввали сафар ба Тоҷикистон, меҳмоннавозии тоҷикон эҳсос мешуд. Шавкат Мирзиёевро ҳамчунин рушди шаҳри Душанбе ба ҳайрат овард.
"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон.
Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - акс
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин рӯзи 10 июн дар консерти бошукӯҳ, ки бо ширкати 250 санъаткори тоҷику ӯзбек баргузор шуд, ширкат карданд ва Раҳмон дар фазои тантанавӣ Мирзиёевро барои таҳкими дӯстӣ миёни ду халқ бо ордени "Зарринтоҷ" қадрдонӣ намуд.
Ҳамин тавр, президенти Ӯзбекистон кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба ватанаш даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала