Швейтсария ба хотири Байден ва Путин алоқаи ҳавоиро баст

© ALEXEY DRUZHININПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Фазои Швейтсария се рӯз барои алоқаи ҳавоӣ маҳдуд хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар Швейтсария барои алоқаи ҳавоӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шуданд.
Бо қарори ҳукумати кишвар, ҳаракати ҳавоӣ дар робита ба саммити Русияву Амрико муваққатан қатъ карда мешавад.
Огоҳии ниҳоӣ: таҳлилгарони сиёсӣ мусоҳибаи "украинӣ" -и Путинро арзёбӣ карданд
Ин тадбир барои таъмини амният зимни мулоқоти президенти Русия, Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден дар Женева андешида шудааст.
"Дар ҷаласа Шӯрои Федералӣ маҳдудияти муваққатии истифодаи фазои ҳаво дар ҷараёни мулоқоти Байден ва Путинро тасвиб кард", - омадааст дар изҳороти кобинаи Швейтсария.
Қайд мешавад, ки ин тадобир аз 15 то 17 июн амал мекунад.
Президент Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
"Эҳтиром куну нахоб": Трамп пеш аз мулоқот бо Путин ба Байден маслиҳат дод
Хотиррасон мекунем, ки 16 июн дар Женева гуфтушуниди президенти Русия, Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден баргузор мешавад.
Байден "хаткашони Путин" мешавад
Дар мулоқот ҷонибҳо ният доранд, ки суботи стратегӣ, халъи силоҳ, пандемия, ҳалли низоъ ва муҳити зистро баррасӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала