Тоҷикистон мехоҳад "Қолинҳои Қайроққум" - ро ба Ӯзбекистон фурӯшад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПроизводство ковров в Согдийской области
Производство ковров в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Ба Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иттилоъ доданд, ки дар ояндаи наздик "Қолинҳои Қайроққум" ба Ӯзбекистон содирот мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад "Қолинҳои Қайроққум" - ро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот кунад.
Аз ин нияти роҳбарияти корхонаи мазкур ба кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев хабар дода шуд, менависад котиботи президенти Тоҷикистон .
Раисиҷумҳурони ин ду кишвар феълан дар вилояти Суғд қарор доранд ва аз корхонаи қолинбарорӣ низ дидан намуданд.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Воқеаи таърихӣ: таърифи Раҳмон аз сафари Мирзиёев ба Хуҷанд
Ин корхона 60 сол боз фаъолият дошта, 500 нафар коргари доимӣ дорад, ки аз ин миён 47 дарсад занон ҳастанд.
Гуфта мешавад, қаблан ашёи хом танҳо аз хориҷи давлат ворид мешуд. Ҳоло ҳудуди 60 дарсади ашёи хом дар дохили давлат истеҳсол мешавад.
Зимни боздиди ба Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иттилоъ дода шуд, ки дар мавриди содироти қолинҳо ҳоло заминаҳо фароҳам оварда шудааст.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба фаъолияти корхонаи баҳои баланд доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала