Комроншоҳ Устопириён роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро гирифт

© Таджикская федерация дзюдоКомроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори маъруфи тоҷик, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар такя ба рейтинги нави олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо гуфтааст, ки Устопириён бо 2784 хол роҳхати олимпиро гирифт.
Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ миёни 398 ҷудочии ҷаҳон, ки дар вазни - 90 кило ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад.
"Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифт", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, миёни ҷудокорони дигари кишвар Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) низ имкони зиёде барои ба даст овардани роҳхати Олимпиадаро доранд.
Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Қаиқрони тоҷик натавонист дар Русия роҳхати олимпӣ гирад
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни 90 кило баромад мекунад, чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст.
Аз ин қабл Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100 м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии-2020 гардида буданд.
Лентаи хабарҳо
0