Воқеаи таърихӣ: таърифи Раҳмон аз сафари Мирзиёев ба Хуҷанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Президенти Ӯзбекистон бори аввал ба Хуҷанд ташриф овард: Раҳмон гуфт, ки чаро омадани Мирзиёев барои шаҳр муҳим аст
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар Қасри фарҳанги "Арбоб" президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев бо намояндагони зиёиёни ҳарду ҷумҳурӣ мулоқот карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти сарвари давлат хабар додааст.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки имрӯз тоҷикон шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ мебошанд.
"Бори аввал дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сарвари ҳамсояи дӯсти Ӯзбекистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд қарор дорад", - гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Мирзиёев дар сиюмин солгарди истиқлолияти ҷумҳуриҳо ба Тоҷикистон ташриф овард. Ба гуфтаи сарвари давлат, маҳз дар "Арбоб" воқеаҳое рух доданд, ки соҳибихтиёрии кишварро муайян карданд.
Президент гуфт, ки "намояндагони зиёиён дар рушди давлатҳо, ташаккул ва тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи сулҳу ризоият ва фароҳам овардани фазои дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии байни халқҳо нақши калидӣ доштанд".
Раҳмон инчунин аҳамияти афзоиши робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро қайд кард. Ӯ изҳори итминон кард, ки дар солҳои оянда ҷумҳуриҳо ҳамкориҳоро дар ин самтҳо тақвият хоҳанд дод.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад
"Ҳукуматҳои ду кишвар барои фароҳам овардани шароити зарурӣ саъй хоҳанд кард", - илова кард сарвари давлат.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳар ду мамлакат буда, ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Лентаи хабарҳо
0