Ҳаҷ - 2021 низ лағв шуд: мусалмонони тоҷикро ба зиёрати Хонаи Худо иҷозат намедиҳанд

© AP / STRСотни мусульманских паломников окружают Каабу
Сотни мусульманских паломников окружают Каабу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Арабистони Саудӣ иштироки зоирони хориҷиро дар маросими ҳаҷ бо сабаби пандемияи коронавирус манъ кард
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Арабистони Саудӣ сафари ҳоҷиён аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои адои маросими ҳаҷ манъ кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Қарор дар робита бо пандемияи коронавирус қабул шудааст.
Ба гуфтаи вазорат, танҳо мусалмононе, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанд, иҷозаи адои маросими ҳаҷро хоҳанд дошт.
Ҳамзамон, шумораи умумии зоирон набояд аз 60 ҳазор нафар зиёд бошад, таъкид кард ВКД.
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2020
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2021
Қаблан Арабистони Саудӣ ният дошт, ки зоиронро эмгузаронӣ алайҳи коронавирус ба кишвар роҳ диҳад.
Имсол ҳаҷ аз 17 то 22 июл баргузор мешавад.
Зиёрат бояд бо риояи тамоми тадбирҳои санитарию эпидемиологӣ - бо ниқоб ва дастпӯшак, риояи масофаи иҷтимоии 1,5 метр анҷом дода шавад.
Қаблан масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон низ гуфта буданд, ки, масъалаи доир шудани маросими Ҳаҷ - 2021 ба вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои мусалмоннишин бастагӣ дорад.
Соли 2020 низ Арабистони Саудӣ ҳаҷҷи зоирони хориҷиро лағв кард. Он мусалмононе, ки дар қаламрави шощигарӣ буданд, иҷозат дода шуданд, ки дар он ширкат варзанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала