Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди Русия ва Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳоро зикр кард
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов шаҳрвандони Русияро бо иди муҳими давлатӣ табрик гуфт.
"Ман аз таҳи дил мехоҳам шуморо бо Рӯзи Русия табрик намоям. Ба шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро таманно мекунам", - гуфт Лякин-Фролов. Зимни суханронӣ сафир ба рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон баҳо дод.
"Арзишҳои муштараки маънавӣ ва фарҳангӣ, пайванди шикастнопазири сарнавишти инсонҳо асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳо мебошанд", - гуфт ӯ.
Сафир инчунин таваҷҷӯҳро ба саҳме, ки Русия барои ободӣ ва рушди ду кишвар мегузорад, ҷалб кард.
Лякин-Фролов афзуд, ки ҳамватанон барои ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангӣ талош мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки 12 июн иди муҳими давлатӣ - Рӯзи Русия мебошад. Сана дар тақвим соли 1992 пас аз қарори Шӯрои Олии Федератсияи Русия пайдо шуд.
Он дар ибтидо рӯзи қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии РСФСР номида мешуд. Аз соли 2002 инҷониб ба таври расмӣ Рӯзи Русия номгузорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала