Мураббии тоҷик паҳлавонони амрикоиро омӯзиш медиҳад

© © Зоиршо КаландаровБорьба, архивное фото
Борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Мураббии маъруфи тоҷик Зоиршо Қаландаров барои кор ба ИМА даъват шуд
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Собиқ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Зоиршо Қаландаров барои баланд бардоштани на танҳо сатҳи худ, балки маҳорати паҳлавонони амрикоӣ низ рафт.

"Барои ман ин як навъ даъвати нав дар карераи ман аст. Ҳар сол маро дӯстони хуб, намояндагони гӯштини Амрико ба Амрико даъват мекарданд ва ман билохира тасмим гирифтам",- гуфт Қаландаров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ба паҳлавонони амрикоӣ ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва вохӯриҳо бо тими Тоҷикистон хеле писанд омад.
Аз ҷумла, тими ИМА чанд сол қабл ба Душанбе омада, бо тими миллии Тоҷикистон мубориза мебурд.
"Пас аз он ҷамъомади таълимӣ ба ман пешниҳод карданд, ки дар ИМА кор карда, таҷрибаи худро ба ҳамкорони амрикоӣ омӯзонам. Ман розӣ шудам, аммо дарҳол не. Ҳоло дар Ню-Йорк дар як клуби варзишӣ кор мекунам. Бисёр шогирдон ҳастанд, тавоноиҳои худро васеъ мекунеи”, - гуфт мураббӣ.
Дар бораи вохӯриҳои дар Душанбе, қайд мекунем, ки дар охирини онҳо ИМА -ро дастаи донишгоҳҳо намояндагӣ мекард.
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Комроншоҳ Устопириён роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро гирифт
Дар маҷмӯъ, дувоздаҳ набард баргузор шуд, ки дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 9: 3 пирӯз шуд. Ҳоло мураббии тоҷик Зоиршо Қаландаров ба амрикоиҳо дарс мегӯяд, аммо ният дорад ба Тоҷикистон баргардад.
"Нақша дорам, ки шартномаро ба итмом расонам ва кӯшиш мекунам, ки дар ин муддат донишу таҷрибаамро ба шогирдон омӯзам. Мехоҳам бо дастпарварони худ натиҷаҳои хуб ба даст орам. Ҳадаф ин аст. Пас аз ба даст овардани натиҷа, албатта, ман ба ватанам бармегардам, барои беҳбудии варзиш кор мекунам", - гуфт мураббӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала