Мушти марговари Баҳромиддин: амакро кушту худро пушти панҷара бурд-видео

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина показывает разбитый кулак, архивное фото
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Як сокини шаҳри Исфара дар пайи зарбаи як мушти бародарзодааш ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гумони куштор Асроров Баҳромиддини 34-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфараро боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, санаи 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар дохили роҳрави назди ҳавлии истиқоматиашон бо амакаш Тоҳирхуҷа Асроровичи 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанчол намуда, бо дасташ 1 мушт ба сари рӯйи охирон задааст.
Муноқиша замоне сар мезанад, ки амак барои муросоандозии писар бо падараш бо даъвати бародараш меояд ва ба гуфти боздоштшуда дар ҳолити мастӣ қарор даштааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, рӯзи 2-юми июни соли 2021 дар беморхона пас аз шаш рӯзи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бар асоси ин моддаи Кодекси ҷиноятии кишвар дар сурати тасдиқи гуноҳ, ба муттаҳам аз дувоздаҳ то понздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.
Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазияи куштори амакаш маълум нест.
Ин нахустин ҳолати куштори хешу табор набуда, қаблан ВУД ҳатто як сокини ҷавони ноҳияи Шаҳринавро боздошт карда буд, ки дар куштори модараш гумонбар дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала