Қарзу грант: БАТР барои таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе пул медиҳад

© Sputnik Амир ИсаевТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото
ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 10 миллион доллар, барои ду марҳила ҷудо мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳа ҳануз аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.
Подписания соглашения между ЕБРР и Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
БАТР барои беҳсозии низоми гармидиҳӣ дар Душанбе 11 миллион доллар медиҳад
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии яке аз масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон зикр кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри ­Душанбе”-и­ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 14 апрели соли 2021 дар ҳаҷми 5 миллион доллар ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи фоизӣ ба имзо расонида шудааст.
“Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии неруи гармии дар пойтахт истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии неруи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад”, -таъкид доштааст вазири молия.
Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин насби қубурҳои ҷадид ва низоми автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала