Дар Русия афзоиши баланди сироятёбӣ ба коронавирус сабт шуд: беш аз 13 000 дар як рӯз

© Sputnik / Антон Вергун / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинские работники ковид-госпиталя, архивное фото
Медицинские работники ковид-госпиталя, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Афзоиши гирифторӣ ба коронавирус ҳадди аксар ба сатҳи миёнаи моҳи феврали имсол табдил расидааст
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Дар Русия афзоиши шадиди ҳолатҳои ташаннуҷи нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо ин беморӣ, дар давоми рӯзи гузашта дар кишвар 13510 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шудааст.
Нишондиҳанда вақтҳои охир ҳадди аксар шуда, сатҳи 15 феврали соли 2021-ро шикаст.
Ҳамзамон, 11 июн дар Русия тақрибан 12 505 ҳолати коронавирус маълум шуд. Ғайр аз он, давоми рӯзи гузашта 399 нафар шаҳрвандон аз ин беморӣ фавтиданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия, коронавирус тақрибан 5,2 миллион сокини Федератсияи Русия гирифтори ин беморӣ шудаанд. Зиёда аз 126 ҳазор беморон қурбонии ин беморӣ гашта, 4,7 миллион нафар аз сироят шифо ёфтанд.
Женщина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пасттарин нишондоди коронавирус аз миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон аст
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар шаҳри Уҳани Чин дар охири соли 2019 рух дод. Олимон муайян карданд, ки шиддати қаблан номаълуми 2019-nCoV барангезандаи сироят гардид.
Бо сабаби зуд паҳн шудани беморӣ, ТУТ баҳори соли гузашта пандемия эълон кард.
Тибқи маълумоти то 12 июн, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 176 миллион нафар гирифтори коронавирус мебошанд.
Аз ин маризӣ дар ҷоҳон 3,7 миллион нафар ҷон бохтанд. Аз ҳама беш сироятшавӣ ба Амрико, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса ва Туркия рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала