“Силоҳхару силоҳфурӯш”: як марди 64 – сола дар Душанбе зиндонӣ шуд

© ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПистолет с патронами, архивное фото
Пистолет с патронами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 63 – соларо бо ҷурми харидуфурӯши силоҳу лавозимоти ҷангӣ 6 сол аз озодӣ маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино ба иттилои маркази матбуоти суд, ин фард Маматқул Надирови 64 - сола зода ва сокини шаҳри Душанбе, муваққатан бекор, муҷаррад, қаблан суднашуда буда, баррасии парвандааш дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳанӯз 9 март оғоз шудааст.
“Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 195, қисми 2, бандҳои “б,в” – Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон боз шуда буд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Мужчина с автоматом в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2021
Ҳимояи худу фарзандон: шарҳи дастгиршуда дар Турсунзода дар бораи нигоҳдории силоҳ - видео
Дар тафсили парвандаи Маматқул Надиров манбаъ мегӯяд, ки ӯ тахминан соли 2011 аз ҳамсинфаш Қурбон Восиев бар ивази маблағи 80 сомонӣ як силоҳи тамғаи ТОЗ-8 бо 14 тирро барои шикор ва бо арзиши зиёдтар фурӯхтан харидорӣ карда, солҳои 2012 - 2013 бо маслиҳати пешакӣ аз Алишер Анваров ном бар ивази 4 ҳазор доллар 5 тапончаи “Макаров” (ПМ) бо 5 тирдону 35 тир, 224 тири 9,12 – миллиметра гирифта, бо ҳадафи бо арзиши зиёдтар ба каси дигар фурӯхтан ин силоҳу лавозимоти ҷангиро то лаҳзаи дастгир шуданаш нигоҳ доштааст.
“Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ 4 декабри соли 2020 ҳангоми азназгузаронии ҳуҷраи иҷоравии Маҳмудқул Надиров 2 таппончаи “Макаров” бо 3 тирдон ва 2 қуттии тир дар ҳаҷми 32 тири 9,12-миллиметра дарёфт шуд. Ҳамзамон аз хонаи хоҳари калонии ӯ - Зулфия Ҳамдамова 3 тапончаи “Макаров”, 2 тирдон бо 16 тир, 1 силоҳи “ТОЗ-8” бо 14 тир ва 12 қуттии тир, ки дар дохилаш 192 тири 9,12-миллиметра дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Бино ба он, дар давоми мурофиаи судӣ ӯ ҷурми худро эътироф карда, аз кирдораш сидқан пушаймонū изҳор кардааст ва аз суд хоҳиш намудааст, ки барояш ҷазои сабук таъин кунад.
“Ҳарчанд судшаванда ба ҷурми худ пурра эътироф кард, ҷурми ӯ бо шаҳодати шоҳидон ва далелҳое, ки дар парванда ҷамъ оварда, аз ҷониби суд таҳқиқу баррасӣ шуданд, пурра тасдиқи худро ёфт. Қисми 2, моддаи 195 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол пешбинӣ кардааст”, - гуфт манбаъ.
Ба ҳамин минвол, суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавӣ, дараҷаи хавфнокии ҷиноят, шахсияти судшаванда ва ба инобат гирифтани нақши ӯ ба ҳангом ва пас аз содир намудани ҷиноят,
Маматқул Надировро ба муҳлати 6 сол равонаи зиндони низомаш пурзўр кард. Тафсилоти ҷараён, аз ҷумла назари вакили дифоъи судшаванда, дар хабари суд дарҷ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала