Даргузашти Маюсуфов, устоди табибон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Дар Тоҷикистон бо омӯзгори бисёре аз табибони ҷумҳурӣ, Мадалӣ Маюсуфов видоъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мадалӣ Маюсуфов, омӯзгори варзидаи тоҷик рӯзи 12 июн дар синни 71-солагӣ дунёро падрӯд гуфт.
Зафар Аскар, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки имрӯз қалби омӯзгори варзида, устоди садҳо кормандони тибби ҷумҳурӣ, донишманди соҳаи биология Мадалӣ Маюсуфов баъди бемории тӯлонӣ дар синни 71-солагӣ аз тапидан бозмонд.
“Марҳум умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшида, беш аз 25 сол ба донишҷӯёни факултетҳои умумитиббӣ, дандонпизишкӣ ва дорусозии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дарс гуфтааст”, - навиштааст Зафар Аскар.
Ба иттилои манбаъ, Мадалӣ Маюсуфов муаллифи беш аз 60 корҳои илмӣ ва методӣ буда, барои хизматҳояш бо нишонҳои "Аълочии маорифи Тоҷикистон" ва "Аълочии тандурустии Тоҷикистон" қадрдонӣ шудааст.
Маросими ҷанозаи марҳум 13 июн дар зодгоҳашон деҳаи Сарои ноҳияи Ашт баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала