7 – 10 дирам гаронтар: дар парлумон аз болоравии нархи барқ гуфтанд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксЛампочка в подвале, архивное фото
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Дар парлумони Тоҷикистон зимни тасвиби созишномаҳои қарзию грантӣ барои коҳиши талафоти нерӯи барқ дар кишвар аз болоравии нархи барқ гуфтанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон созишнома барои кам кардани талфоти нерӯи барқ дар Хатлонро тасвиб намуд, ки ба гуфтаи вазири молия, Файзиддин Қаҳҳорзода дар доираи он 20 миллион евро қарз ва 15 миллион евро грант аз Аврупо ҷалб мешавад.
Ба гуфтаи вазир, дар доираи лоиҳа қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, насби системаи баҳисобгирии биллингӣ, ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва кам намудани талафоти техникию тиҷоратии барқ дар назар буда, муҳлати татбиқи он аз соли 2021 то 2025 мебошад.
Вакили парлумон, Музаффарҷон Маҳмудзода, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, дар анҷоми лоиҳа тарофаҳо боло бардошта шванд.
“Дар назар аст, ки пас аз татбиқи лоиҳа ҷамъоварии маблағ пурра ба миқдори 100 фоиз таъмин гардида, тарифи миёнаи неруи барқ низ ба андозаи 7-10 дирам боло бардошта шавад”, - гуфт вакил Маҳмудзода.
Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар доираи татбиқи лоиҳа, ки маблағи умумии он 35 миллион евроро ташкил медиҳаду анҷомаш соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, сохтмони зеристгоҳҳо дар Кӯлобу Бохтар, насби сутунҳои бетонию ҳисобкунакҳои электронӣ ва низоми билингӣ дар назар аст.
Таъкид ба болоравии нархи барқ ба андозаи то 10 дирам дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тҷоикистон тавсия дода буд, ки нархи нерӯи барқро ҳадди ақал ҳудуди 8 дарсад дар як сол боло барад, то вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.
Феълан нархи 1 киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам мебошад, ки аз тирамоҳи соли 2019 амал мекунад. Дар соли 2020 бинобар вазъи пандемия болобарии тарофаҳо мутаваққиф гузошта шуда буд. Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 9 дирами моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам дар моҳи сентябри соли 2019 расид.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Оё барқ боз гарон мешавад? Мӯъминзод дар бораи ба се қисм тақсим шудани "Барқи тоҷик"
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аввали соли равон дар мавриди нарх барқ гуфт, дар доираи ислоҳоти бахши энергетика бояд қадам ба қадам тарофаи барқ ба сатҳи хароҷоти истеҳсолӣ ва уҳдадориҳое, ки назди сармоягузорон дорем, бароварда мешуд.
“Вале, бо сабабҳои маълум, бахусус бинобар пандемияи COVID-19, мавқуф гузошта шуд. Ин ба вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” зарар расонда, як қатор мушкилотро пеш овард. Ин зарари молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунӣ мешавад”, - таъкид кардаст Ҷумъа.
Ӯ таъкид намуд, ки тарофаи барқ дар Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои иҷтимоӣ татбиқ мешавад.
Вазири энергетика афзуд, барои барқ ҳар тарофае, ки таъйин шавад, дар қиёс бо харидории маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишту ҳезум, барои гармкунии хонаҳо, омодасозии хӯрок ва дигар хароҷот ҳудуди 8 баробар арзонтар меғалтад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала