Доктор Олоӣ тоҷикиcтониёнро ба эҳтиёткорӣ даъват кард: гузоришҳо аз бозгашти COVID-19

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинский работник в госпитале, архивное фото
Медицинский работник в госпитале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Ораш Олоӣ, табиби эронитабори ИМА, дар баробари он, ки Душанберо аз амнтаринҳо аз коронавирус хонд, тоҷикистониёнро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Табиб Ораш Олоӣ, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк, аз суди ҳамаи ваксинаҳои сабтшуда гуфта, мардумро ба эмкунӣ даъват намудааст.
Олоӣ дар суҳбат бо “Ховар” шаҳри Душанберо дар сегонаи пойтахтҳое, ки аз ҷиҳати паҳншавии коронавирус ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба он бехатаранд, ҷой додааст.

“Вале бояд гуфт, ки ҳеҷ кишваре ё шаҳре наметавонад худро аз соири дигар кишварҳову шаҳрҳо ҷудо кунад. Бубинед, ки алъон вирусҳои нав аз Ҳиндустон, Африқо, Англия ва Бразилия бисёр паҳн мешаванд ва ин вирусҳоро контрол кардан намешавад. Ба ин хотир бояд мардум тавре соле қабл кӯшиш карданд, худро эҳтиёт кунанд, ниқоб андозанд, дастҳоро тез-тез шӯянд”, - изҳор дошт Олоӣ.

Баробари Душанбе доктор Олоӣ шаҳрҳои аз нигоҳи коронавирус нисбатан бехатарро Тхимпху – пойтахти Шоҳигарии Бутан ва дигаре Дакар – пойтахти Сенагал арзёбӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо нашр мешаванд, ки коронавирус дубора ба Тоҷикистон баргаштааст. Расонаҳои муътабари ҷумҳурӣ аз қавли ташхисгарон, табибон ва наздикони афроди бемор хабар додаанд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда истодаанд, аммо расман мақомот то ҳол инро рад мекунанд.
Горожане на Новоарбатском мосту в Москве во время праздничных гуляний в честь празднования Дня России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Маскав дар доми COVID-19: таътил ва маҳдудиятҳои шадиди якҳафтаина дар пойтахти Русия
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар пойгоҳи расмии хабарӣ дар мавриди вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ эълон доштанд, ки ба ҳолати шоми 12 июн дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи иттилои мақомот, се бемори охири коронавирус дар Тоҷикистон 13 январи соли равон шифо ёфта, то ҳол ягон ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ ба иттилои Вазорати тандурустӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз ин 90 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтанд. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз аввал бо таҳияи феҳрасти фавтидагон омори расмӣ дар мавриди гирифторию фавт аз коронавирусро мавриди шубҳа қарор медоданд. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба дақиқ ва бар пояи ташхисҳо будани омораш таъкид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала