Куштори мудҳиши Маҳмадов ва кӯдаконаш дар Ҷайҳун: феълан чӣ маълум аст?

Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз сар задани ҳодиса, то ҳол расман онро шарҳ надодаанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Оилаи Аҳлиддин Маҳмадов дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст, ки дар натиҷа худи сарвари оила бо се кӯдакаш кушта шуданд. Модар ва духтари хонадон ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардоштаанд, хабар дод як сокини маҳаллӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадов ва фарзандонаш, соли таваллудашон 2007, 2008 ва 2010 кушта шуда, модару духтар зинда мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд. Гуфта мешавад, дар сурати ба забон омадани маҷруҳон пайдо кардани омилони ҷиноят метавонад осонтар шавад.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
"Оча бас, гуфтам": Писар чӣ гуна модарашро кушту худро фарзанди ғамхор вонамуд кард-видео
Мақомот расман ин қазияро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид мекунанд, ки феълан ҷустуҷӯи омилони ҷинояти мудҳиш идома дорад.
Дар мавриди шахсияти Аҳлиддин Маҳмадов гуфта мешавад, ки чун сокинони дигари деҳа кишоварзӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала