Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон ҳафтум шуд

© официальный сайт Международной федереции дзюдоДзюдаист Темур Рахимов, архивное фото
Дзюдаист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни варзишгарони тоҷик беҳтарин натиҷаро нишон дод
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik.Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо, ки 6-13 июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон доир гашт, ҷои ҳафтумро ишғол намуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ зикр кард, ки ин беҳтарин натиҷаи варзишгарони тоҷик дар чемпионат мебошад. Қаблан 4 варзишгари дигари тоиҷк – Шукрона Қарчиева (-49кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Акмал Муродов (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) дар даври аввал, Комроншоҳ Устопириён пас аз ду ғалаба бар намояндагони Габон ва Перу дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия мағлуб шуданд.
Темур Раҳимов дар вазни +100кг куштӣ гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Лаҳистон, Масией Сарнаки, дар даври сеюм бар намояндаи Қазоқистон Ерасил Кажибаев ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Русия Темурлан Басаев, ки медали нуқраи чемпионатро гирифт ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Рой Мейер шикаст хӯрда, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.
Ҷоизадорони ниммарафони байналмилалии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Давандаҳои Ӯзбекистон ғолиби ниммарафони байналмилалӣ ва соҳиби 1,5 ҳазор доллар шуданд
Кумита афзуд, аз 118 давлати иштирокчӣ варзишгарони 27 давлат тавонистанд соҳиби медал гарданд. Варзишгарони 10 давлат ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтанд.
Варзишгарони Ҷопон чун ҳамеша пешсафиро ба даст гирифта, 5 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Гурҷистону Испания бо 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор шуданд.
Таъкид шудааст, ки ин охирин мусобиқаи ҷудо пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд. Бо натиҷагирӣ аз чемпионати ҷаҳон то 28 июн радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки дар асоси он 18 нафари аввали ҳар вазн, бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар, ҳуқуи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд. Ҳамчунин 100 ҷой тариқи радабандии қитъавӣ тақсим карда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала