Боду борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© PixabayДевушки во время дождя, архивное фото
Девушки во время дождя, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Дар вилояти Суғд боди шадид мевазад. Ҳамчунин боридани борону ба амал омадани раъду барқ низ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддат дар аксар минтақаҳои ҷумҳуриро пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд боронӣ мешавад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Аз туфони чангу ғубор то боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон
Ҳавои вилояти Хатлон бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар аксар минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳамзамон ба амал омадани раъду барқ низ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала