Баргузории мусобиқаи дучархасавории бонувон дар Афғонистон

© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Мусобиқаи дучархасавории бонувони Афғонистон дар вилояти Бомиёни маркази ин кишвар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ин мусобиқа рӯзи якшанбе байни 20 дучархасавор аз вилоятҳои Кобул ва Бомиён ба мизбонии Бомиён, дар минтақаи кӯҳистонӣ баргузор шуд ва дучархасаворон фосилаи 12 километрро аз масирҳои таъйиншуда паймуданд, иттилоъ додааст хабаргузории Шафақнаи Афғонистон.
Насрини Содот аз Бомиён дар ин рақобат, ба мақоми нахуст расид.
Ин мусобиқа дар ҳоле баргузор шуд, ки манотиқи мухталифи Афғонистон шоҳиди ҷангу даргирӣ байни аъзои гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои артиши ин кишвар аст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҳти шиори "Дучарха барои табиат" марафон баргузор гардид
Летний веломарафон в Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Барои ҳифзи табиат: марафони велосипедронӣ дар Душанбе - видео
Дар ин мусобиқи ҳама, аз ҷумла велосипедрони касбӣ, ҳаваскорон, паралимпиадачиён ва наврасон ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин мусобиқа мебоист аҳамияти истифодаи ин намуди нақлиёти экологиро нишон медод.
Дар марафони дучархаронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шуда буд.
Барои ҷои аввал ғолибон 1,5 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Онҳое, ки дуввумин шуда ба марра расиданд бо мукофоти пулӣ ба маблағи 700 сомонӣ сарфароз гаштанд. Ғолибони ҷои сеюм бо 300 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала