Аз 15 то 40 дирам: нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд гарон шуд

Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Дар Суғд давоми се - чор рӯзи ахир нархи маводи сӯхт аз 15 то 40 дирам боз гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Бино ба нархномаи ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ, ҳоло нархи бензини навъи АИ 95 - 9,4 сомонӣ, АИ 92- 9, 10 сомонӣ, дизел - 8,4 сомонӣ ва нархи гази моеъ - 5, 2 сомонӣ баробар шудааст.
Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон чунин болоравии нарх дар муқоиса ба як ҳафтаи гузашта аз 15 то 40 дирам рақам зада мешавад.
Чанд рӯз муқаддам дар шаҳру навоҳии Суғд як литр бензини АИ 95 - 9 сомонӣ, як литр бензини АИ 92 - 8, 7 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 8, 3 сомонӣ ва як литр гази моеъ 5, 05 сомонӣ қиммат дошт.
Болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз 1, 2 то 2, 4 сомонӣ ё аз 15 то 25 фисадро ташкил медиҳад. Дар моҳи январ нархи гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Цистерна прицепленная к грузовику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Нархи бензин дар Тоҷикистон боз гарон мешавад? Қазоқистон содироти маводи сӯхтро боздошт
Роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) ё чаканафурӯшон болоравии арзиши маводи сӯхтро ба гаронии хариди он шарҳ медиҳанд.
Мирзо Комилов роҳбари як масъули фурӯшгоҳи маводи сӯхт дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳисобу китоби харид ва фурӯши гази моеъро шарҳ дод. Ӯ гуфт як ҳафта пеш ширкатҳои воридкунандаи газ як тоннаи онро бар ивази 8600 сомонӣ дастрас мекарданд, вале дафъаи охир нарх ба 9100 сомонӣ тағйир ёфт.
“Як кило газ ба 1890 грам ё қариб ба 2 литр баробар аст. Мо ҳисоб кардем, ки хариди ҳар як литри газ бо ҳисоби 4, 84 дирамӣ рост меояд. Болои ин 25 дирам андози чакана ва 6 дирам ширкате, ки ҳисоботи фурӯши моро дар назди идораи андоз мебарад, меситонад, ки дар умум як литр гази моеъ ба 5, 15 дирам баробар мешавад, мо 5 дирам монда ба 5, 2 сомонӣ мефурӯшем. Агар ин ҷо маоши коргар ва маблағи барқро ҳисоб кунед, хароҷот нисбат ба фоида бештар ҳисоб мешавад”, - гуфт роҳбари ширкати таъминоти сӯзишворӣ.
Ин ҳамсуҳбати мо дар бораи бо чӣ қимат ворид намудани гази моеъ аз ҷониби ширкатҳои яклухтфурӯш изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, ки “агар онҳо арзон диҳанд, мо ҳам арзон мефурӯшем”.
Зимнан аз сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳии Суғд аз пеш дида камтар ба назар мерасад.
Фурӯшандаҳои маводи сӯхт мегуянд, болоравии нарх ба ҷайби аксар ронандаҳо зарбаи иқтисодӣ мерасонад.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2021
Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд
Таконхурии нарх дар ҳолест, ки кунун масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаб ва омилҳои онро расман шарҳ надодаанд.
Соли гузашта масъулини ин ниҳод эълом намуда буд, ки дар пайи санҷиш ҳолатҳои беасос болобурдани арзиши фурӯши сӯзишворӣ дар як қатор ширкатҳо ошкор гардид. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буданд, ки ин ширкатҳоро аз 50 то 200 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Аммо ба хотири ҳифзи обрӯ аз ширкатҳо ном нагирифтанд.
Поёни соли гузашта дар пайи ин “гушмол”- и мақомот қимати маводи сӯхт то 18 % поён шуда буд.
Дар Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилои мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала