"ХХ-и ошнову ноошно": сафҳаҳои норӯшани зиндагии Худойбердӣ Холиқназаров

© SputnikГлава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди
Глава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва фарде, ки дар Созмони Милали Муттаҳид бори аввал бо забони тоҷикӣ суханронӣ кардааст, 70 – сола мешавад. Ӯ гӯё як зиндагиномаи шаффоф дорад, ҳадди ақал барои сиёсиёну аҳли матбуот, аммо дар асл чунин нест
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Худойбердӣ Холиқназарове, ки мо мешиносем, вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати Мусолиҳаи миллии солҳои 90, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ниҳоят директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аст.
Дар асл ӯ аз солҳои 70 – и асри гузашта пой ба арсаи дипломатия гузошта, шоҳиди Инқилоби исломии Эрон, вуруди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ва ҷанги дохилии Тоҷикистон буду яке аз раҳбарони сиёсии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион ва аз дастандаркорони раванди сулҳи тоҷикон ба шумор мерафт.

Шоҳмотбози аълохон

Худойбердӣ Холиқназаров 14 июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба дунё омада, айёми кӯдакиву мактабхонӣ шавқи бузурге ба шоҳмот дошт. Ба бахти ӯ падараш Холиқназар Худойбердиев роҳбари мактаби шоҳмотбозони Хоруғ буд. Ҳамин тавр, дарси касбии шоҳмотбозӣ гирифт ва дар 12-солагӣ қаҳрамони шоҳмоти вилоят миёни мактаббачагон шуд.
Митинг в Душанбе на площади Шахидон в мае 1992 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2019
Лангариев: мардуми Кӯлоб солҳои 90-ум нахустин шуда бар зидди хоинон бархостанд
Вай мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ бо медали нуқра хатм намуда, соли 1969 ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил ва соли сеюми донишҷӯӣ барои таҳсили аъло соҳиби стипендияи ленинӣ шуд.

"Афғон" – и аввалин

Афғонистон аслан пас аз вуруди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ миёни тарҷумонҳо ба “мӯд” даромад, аммо Худойбердӣ Холиқназаров дар миёни ононе буд, ки ҳанӯз дар замони Довудхон, аввалин президенти Афғонистон, ба он кишвар рафт ва аз “афғон” – ҳои аввалин буд.
Ӯ моҳи майи соли 1974, ҳанӯз як моҳ қабл аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ба унвони тарҷумони забони дарӣ эъзом шуд. Моҳи июни соли 1975 ба ватан ба рухсатӣ омад, ҳамзамон имтиҳонҳои хатми донишгоҳро супурд ва онро бо дипломи аъло хатм кард. Баъд аз анҷоми рухсатӣ дубора ба Афғонистон рафт ва моҳи сентябри соли 1976 ба Тоҷикистон баргашт.
© SputnikГлава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди
Глава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Глава центра стратегических исследований Таджикистана бывший министр иностранных дел Холикназаров Худоберди
Аз моҳи октябри ҳамон сол мудири китобхонаи факултаи шарқшиносии ДДТ таъйин шуд ва ин вазифаро то моҳи июли соли 1978 идома дод.

Шоҳиди Инқилоби исломӣ

Июли соли 1978, қариб як сол қабл аз Инқилоби исломӣ, ки таърихи Эронро ба гунаи дигар рақам зад, ӯ минҳайси тарҷумони забони форсӣ ба он кишвар фиристода шуд. Се моҳи аввал дар Теҳрон, сипас шаҳри Машҳад ба вазифа пардохт.
Вазъи сиёсии Эрон хеле ба ташаннуҷ гароида буд. Дар Машҳад мардум ҳар рӯз алайҳи режими Ризошоҳ Паҳлавӣ тазоҳурот мекарданд. Инқилоби исломӣ ҳам аз ин шаҳр оғоз ёфт. Аввалҳои моҳи ноябри соли 1978 нерӯҳои Шоҳ дар Машҳад як куштори бераҳмонаи муътаризинро ба роҳ андохтанд.
Худойбердӣ Холиқназаров вазифа гирифт, ки ҳамкорони шӯравии хешро аз шаҳр ба саломат берун оварда, ба Теҳрон фиристад. Сафорати Шуравӣ дар Эрон ӯро барои иҷрои вазифаи нав ба Астара, шаҳраке дар марзи Эрону Озарбойҷони Шуравӣ равон кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Зиндагиномаи Мирзо Турсунзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2019
Ёде аз шоир, донишманд ва чеҳраи сиёсии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
Ӯ чаҳор моҳ дар ин шаҳрак тарҷумони мутахасисони шуравӣ буд. Аммо ин ҷо низ пойи Инқилоб расид ва ӯ бо кӯмаки дӯстони эронӣ мутахассисони шӯравиро ба саломат ба Теҳрон интиқол дод.
Аз феврали соли 1979, пас аз Инқилоби исломӣ, ки Эрон дар як вазъи хеле вазнини сиёсӣ қарор дошт, Худойбердӣ Холиқназаров як соли дигар дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Теҳрон кор кард.

Ҳамлаи афғонҳо ба сафорат

27 декабри соли 1979 Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон шуд. Яке аз хотираҳои мудҳиши он замон барои Худойбердӣ Холиқназаров тазоҳуроти муҳоҷирони афғонӣ дар назди сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Теҳрон буд. Онҳо алайҳи вуруди нерӯҳои Шӯравӣ шиор партофта, тақозо мекарданд, ки Афғонистонро тарк кунанд.
Дар пайи ин тазоҳурот, ки аввалҳои моҳи январи соли 1980 иттифоқ афтод, муҳоҷирини афғонии муқими Эрон ба дохили сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ даромада, байрақи онро сӯзонданд ва бинояшро бо шишаҳои пури бинзин мавриди ҳамла қарор доданд.
Кормандони сафорат ҳама дар дохили бино ва омодаи мудофиа аз он буданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз дохили сафорате, ки дар муҳосира буд, Владимир Виноградов, дипломати машҳур, сафири вақти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон, мустақим бо роҳбарони вақти Эрон тамоси телефонӣ гирифт. Вай қотеъона таъкид кард, ки агар сафорат ишғол шавад, неруҳои низомии Шуравӣ барои ҳимояти он вориди Теҳрон хоҳад шуд. Ду соат нагузашта, неруҳои низомии Эрон омада, ҳавлии сафоратро аз ишғолгарон холӣ карданд.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайидраҳмон Сулаймонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2018
Олими тоҷик - муаллифи "Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ" дар Қатар ҷоиза гирифт
Пас аз эътидоли вазъи Теҳрон Худойбердӣ Холиқназаровро ба шаҳри Табриз фиристоданд. Ӯ дар ин шаҳр то июли 1980, замони шурӯи ҷанги Эрону Ироқ, иҷрои вазифа кард. Ҳамон моҳ ӯ ба рухсатӣ ба Ватан баргашт, аммо ба далели ташдиди ҷанги Эрону Ироқ дигар ба Эрон баргашта натавонист, зеро Шӯравӣ рафтани мутахассисон ба он кишварро муваққатан қатъ кард.

Илму Афғонистон

Худойбердӣ Холиқназаров соли 1981 ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон минҳайси ходими хурди илмӣ ба кор ва дар аспирантура ғоибона ба таҳсил пардохт. Дар ин муддат дар мавзӯҳои таърихи Эрону Афғонистон мақолаҳои зиёде навишт.
Соли 1988 дар мавзӯи "Фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсии Ҷамолиддини Афғонӣ ва шогирдони ӯ дар Эрон дар охири асри ХIХ ва авали асри ХХ" дар Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав рисола ҳимоя намуда, унвони номзади илмҳои таърихро ба даст овард.
Олимони тоҷик узви Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалӣ шуданд
Октябри 1987 ба сифати тарҷумони як гурӯҳи мушовирони Созмони ҷавонони Иттиҳоди Шуравӣ боз ба Афғонистон фиристода шуд ва дар шаҳри Кобул то моҳи ноябри соли 1988 ифои вазифа намуд.
Баъди бозгашт аз феврали соли 1989 дар Институти забонҳои шаҳри Душанбе минҳайси муовини мудири кафедраи фалсафа ба кор шуруъ кард.

Вазири ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ

Аввали солҳои 90, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва эълони истиқлолият, Тоҷикистон низ дастхуши ҳодисаҳо шуд, ки минтингҳои Душанбе мунҷар ба як ҷанги дохилӣ шуданд.
Моҳи майи соли 1992 ба хотири эътидоли вазъи сиёсӣ миёни ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон созишномаи таъсиси ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ба имзо расид. Бино ба он, дар ин ҳукумат бояд афроди равшанфикр, беғараз ва ба намояндагӣ аз тамоми кишвар интихоб мешуданд. Худойбердӣ Холиқназаров вазири корҳои хориҷии ин ҳукумат таъйин шуд.
Фотография кометы Чурюмова-Герасименко, сделанная космическим аппаратом Розетта (Rosetta). 12 ноября 2014 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2018
Се олими тоҷик сазовори ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино шуданд
Ӯ ҳамагӣ шаш моҳ вазорат дошт. Дар ин миён сафарҳои Президенти Тоҷикистон, он замон Раҳмон Набиевро ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон, ҳамчунин сафари ҳайати ҳукумати кишварро бо раҳбарии сарвазири вақт Акбар Мирзоев ба Афғонистон заминасозӣ кард. Ин сафарҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ҳаллу фасли масоили марзӣ ва шинохти роҳбарони нави тоҷики Афғонистон - Президент Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифоъ Аҳмадшоҳи Масъуд хеле муҳим буд.
Холиқназаров дар чандин ҷаласаи Иттиҳодияи кишварҳои мустақил (ИДМ) ва моҳи сентябри соли 1992 дар Иҷлосияи Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ширкат намуда, аввалин тоҷике буд, ки дар ин созмони бонуфуз бо забони тоҷикӣ суханронӣ кард.

Корҳо дар Маскав

Моҳи сентябри соли 1992 вазъи сиёсии Тоҷикистон аз эътидол берун ва ҷанги дохилӣ шуруъ шуд. Ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ истеъфо дод. Худойбердӣ Холиқназаров барои таҳсил дар докторантура ба шаҳри Маскав рафт.
Ӯ яке аз муассисони "Барномаи кӯмак ба Помир" буд. Моҳи январи соли 1993 бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Ин барнома ба мардуми вилоят, ки дар инзивои иқтисодӣ қарор гирифта буд, кӯмаки зиёд расонд.
Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2020
“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд
Дар Маскав бо иттифоқи рӯзноманигор ва сиёсатмадори маъруф, марҳум Отахон Латифӣ "Маркази ҳамоҳангии нерӯҳои демократии Точикистон дар кишварҳои ИДМ"-ро таъсис дод, ки вазифааш мусоидат ба шурӯи музокироти сулҳи байни тоҷикон буд.
Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав музокироти сулҳи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик оғоз ёфтанд. Худойбердӣ Холиқназаров то соли 1997 минҳайси намояндаи нерӯҳои демократии ИНОТ дар тамоми ҷаласаҳои музокирот ширкат варзид. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997) ӯ ба шаҳри Душанбе баргашт.

Вазорату сафорати дигар

Феврали соли 1998 Худойбердӣ Холиқназаров вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд ва то соли 2000 дар ин симат монд. Моҳи марти соли 2000 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ӯ мушовири Президент дар умури байналмиллалӣ таъйин шуд.
Сентябри соли 2001 бо дастури Президент ба сафорати Тоҷикистон дар Чин ба сифати кордори сафорат (муовини сафир) эъзом гардид. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2001 то 2007 кор кард.
Встреча главы Таджикистана Эмомали Рахмон и председателя КНР Си Цзиньпина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2020
Сӯҳбати Раҳмон бо Ҷинпин: гуфт Чин ба Тоҷикистон ҳам ваксинаи коронавирус медиҳад
Худойбердӣ Холиқназаров дар ҷаласаҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмиллалие, ки дар шаҳрҳои мухталифи Хитой баргузор мешуд, Тоҷикистонро намояндагӣ ва суханронӣ мекард. Мақолаҳои ӯ ба забонҳои чинӣ, русӣ ва англисӣ дар ин кишвар ба чоп расиданд.

Вазифаҳои охирин

Мавсуф 1 октябри соли 2009 сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои ичтимоӣ-иқтисодӣ, соли 2012 муовини аввали директор, соли 2014 бо фармони Президенти Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегӣ назди Президенти Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин вазифа то соли 2019 кор кард.
Дар ин миён, соли 2015 Худойбердӣ Холиқназаров рисолаи доктори илмҳои таърихро бо ихтисоси "Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ" дар мавзӯи "Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси Созмони ҳамкории Шонгҳой" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя кард.
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2019
Холиқназаров: ҳадафи ҷангиёни ДОИШ роҳ ёфтан ба Узбакистон буд
Китобҳояш "Ваҳдати миллӣ", "Нақши Тоҷикистон дар таъсиси Созмони ҳамкории Шонгҳой", "Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм", "Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ", "Хатари тафаккури ифротгароӣ", "Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой", дар маҷмуъ 10 монографияи илмӣ, се маҷмуаи мақолаҳо ва 223 мақолаи илмӣ, ки бархе ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, арабӣ ва хатти форсӣ ба чоп расидаанд, маҳсули ин даврони зиндагии ӯянд.
Ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Русия, Амрико, Чин, Олмон, Фаронса, Эрон, Ҷопон, Покистон ва кишварҳои ИДМ ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон заҳматҳои ӯро бо медали "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон" ва унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" қадрдонӣ намудааст.
Худойбердӣ Холиқназаров 70 – сола ва 15 июн Созмони ҳамкории Шанхай, созмоне, ки дар кораш ӯ саҳми зиёд дошт, 20-сола мешаванд. Ӯ на фақат саҳм дошт, балки шоҳиди зиндаи рушди ин созмон буд.
Лентаи хабарҳо
0