Путин дар мусоҳиба бо хабарнигори NBC дар бораи ворисаш гуфт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Раисҷумҳури Русия дар гутугӯ бо рузноманигори амрикоӣ гуфт, ки метавонад дар оянда вориси ӯ шавад
ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Владимир Путин, раисумҳури Русия зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии NBC ба суол дар бораи ворис посух дод.
Путин таъкид кард, ки новобаста аз муносибати номзад ба ӯ, вай аз ҳар як номзади вафодор ба Русия пуштибонӣ хоҳад кард.

"Ман барои дастгирии ашхоси содиқ ба кишвар, ки омодаанд ҷони худро дар Ватан қурбонӣ кунанд, талош хоҳам кард" - гуфт Путин.

Раисҷумҳури Русия қайд кард, ки ҳоло дар бораи тарки мақомаш фикр намекунад.
Ба гуфтаи Путин, ин як масъалаи севумдараҷаи аст.
Пленарное заседание Госдумы РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2020
Жириновский дар бораи вориси Путин гуфт
Ҳамзамон, Президенти Русия бовар надорад, ки пас аз истеъфоаш кишвар фурӯ хоҳад рафт.
Раёсати Владимир Путин соли 2024 хотима хоҳад ёфт.
Интихоботи раҳбари нави Русия моҳи март баргузор хоҳад шуд, аммо маълум нест, ки оё Путин дар он ширкат хоҳад кард ё на.
Путин аз соли 2000 то 2008 ба ҳайси раисҷумҳури Русия кор кард, сипас то соли 2012 сарвазири ин кишвар буд. Пас аз интихоботи 4 марти 2012, Путин бори дигар раисҷумҳури Русия интихоб шуд.
Қаблан Владимир Путин Русия эътироф карда буд, ки дар бораи ворисаш аз давраи аввали раҳбариаш фикр мекард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала