Русия имтиёз барои муҳоҷирони меҳнатиро пас аз 15 июн тамдид намекунад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксЕдиный миграционный центр Московской области, архивное фото
Единый миграционный центр Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Маркази ягонаи муҳоҷират мегӯяд, ҳоло дар масъалаи тамдид кардани имтиёзҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз 15 июн, ягон дастур дастрас накардаанд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Русия тасмим нагирифтааст, ки мӯҳлати имтиёзҳо барои муҳоҷирони меҳнатиро тамдид кунад. Дар ин бора ТАСС бо такя ба як манобеи марбута хабар додааст.
"Не, ҳоло нақшаи тамдиди он вуҷуд надорад", - менависад манбаъ аз қавли ҳамсуҳбати худ.
Зимнан, Маркази ягонаи муҳоҷират низ таъйид намудааст, ки дар бораи тамдиди давраи имтиёз барои муҳоҷирон дар Русия маълумот надорад.
"То ҳол тамдиди ин мӯҳлатҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, агар чунин боқӣ монад, пас дар ин ҳолат теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои қонунигардонии худ вақт надоштанд, бояд қаламрави Русияро тарк кунанд", - омадааст дар хабар.
Коженов Вадим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Фармони нав мешавад: Коженов дар бораи муҳоҷират баъди 15 июн
Ҳамзамон кормандони ин марказ илова намуданд, муҳоҷироне, ки дар тамоми давраи пандемия бидуни ҳуҷҷат дар Русия қарор доштанд, бояд барои се моҳ тарки ин кишвар намоянд.
Дар Маркази ягонаи муҳоҷират қайд намуданд, ки аз моҳи май то июн шумораи муҳоҷироне, ки мехоҳанд вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд, афзоиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрели соли 2020 фармони президенти Русия, Владимир Путин ба иҷро даромад ва баъдан чанд бор тамдид шуд. Ин санад ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дод, ки ба далели пандемия то 15 июн дар қаламрави кишвар бидуни гузаштани бархе расмиёт кору иқомат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала