Сабзии “эронӣ” ҳам кор надод: нарх ҳамоно 10 сомонӣ аст

© Sputnik Торговля морковью на рынке в Худжанде
Торговля морковью на рынке в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Дар пайи болоравии нархи сабзӣ - истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, овозаҳои ворид шудани ин навъи зироат аз Эрон ба “Панҷшанбе” бозори Хуҷанд чарх мезанад, вале ин ҳама гумагӯйҳо ба поёнравии нарх таъсир расонида наметавонад
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Рӯзи гузашта хариддорон дар бозори бузургтарини Хуҷанд, “Панҷшанбе” навъҳои гуногуни сабзӣ аз ҷумла “эронӣ” ро дидаанд, аммо нарх як хел аст, 10 сомонӣ.
Зарифа як фурӯшандаи бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи гузашта як гурӯҳ соҳибкорон як мошин сабзиро вориди бозор намуда моли эронӣ гуфта ба чаканафурӯшон пешниҳод карданд. Сабзии “эронӣ” бастабандӣ дошт ва ҷузъ ин аз моли ватанӣ ҳеҷ фарқе надошт, на бо рангу мазза ва ҳатто нарх.
“Моли “эронӣ” 6 - 8 килоӣ бо халтаи салфанӣ (полиэтиленӣ) бастабандӣ шуда буд. Ҳар килои он бо нархи 8 сомонӣ ба шиштафурӯшони бозор дастрас гардид. Фурӯшандаҳо болои он 0,50 дирам ва 1 сомонӣ зам карда пешкаши хариддорон гардониданд. Давоми ду се соат тамом шуд”, - гуфт фурӯшандаи бозор.
Абдуғанӣ Почоев, раиси ҷамъияти соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба таҳқиқи овозаи расидани сабзии Эрон ба Хуҷанд шахсан ба растаи сабзавотфурӯшӣ рафта бо фурӯшандаҳо суҳбат орост, вале маълум шуд, ки баъзеҳо аз вазъ истифода намуда аз тарқи овоза судҷӯи кардаанд.
“Онҳо сабзии кӯҳнаро шуста, бастабандӣ намуда, моли Эрон гуфта фурӯхта тамом кардаанд. Агар ин кори онҳо барои поён бурдани нарх гуфта мешуд, бояд онро нисбатан арзон дастрас мекарданд, модоме, ки бароибари нархи сабзии нав фурӯхтаанд, онҳо судёбии худро пеш гирифтаанд”, - гуфт Почоев.
Наздик ба як моҳ аст, ки нархи сабзӣ дар бозорҳо ба таври бесобиқа баланд шуда ба марзи 10 сомонӣ расидааст. Ин ҳол хариддорон ва ҳатто худи фурӯшандаҳоро мутаҳайир кардааст.
Бехӣ дар бозори Панҷшанбе - и Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
Масъулони Идораи кишоварзии Суғд ин вазъро муваққатӣ дониста мегуянд, ки бо ворид шудани ҳосили нав нарх ба таври табиӣ поён хоҳад рафт. Аммо иқлимшиносон таъкид меварзанд, ки тағйирёбии иқлим аз омилҳои аслӣ аст, ки соли ҷорӣ бо коҳишёбии ҳосили ин навъ зироат дар кишвар таъсири амиқи манфӣ гузоштааст.
Болоравии нархи сабзӣ дар Тоҷикистон чанд рӯз ба ин тараф миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Баъзеҳо ҳатто нигоштаанд, ки дар чунин вазъ “ошхурӣ тамом!”.
Бар пояи Сарраёсати кишоварзӣ, аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз 1400 гектор кишти сабзӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба роҳ монда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 16 фоиз ё 200 гектор, зиёд гуфта мешавад.
Соли гузашта аз ҳисоби 1200 гектор замини кишти сабзӣ 68 ҳазор тон ҳосил ба даст оварда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала