Санади истирдоди муҷримони Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузаштан ба хазинаи аксЗаключенные в исправительной колонии, архивное фото
Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Муовини аввали раисҷумҳур мувофиқатномаи истирдоди муҷримони байни Эрон ва Тоҷикистон ва барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддии байни Эрону Ироқро тасдиқ кард кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Исҳоқи Ҷаҳонгир, муовини раисҷумҳури Эрон, аз тасвиби музокирот, имзои пешакӣ (ибтидоӣ) ва имзои муваққатии Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Дар ҷаласаи худ дар 9 июни соли 2021, бо пешниҳоди Вазорати додгустарии ин кишвар бо анҷоми музокира, пешимзо (ибтидоӣ) ва муваққатан ба имзо расонидани Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдоди муҷримон байни Эрон ва Тоикистон таҳти масъулияти Вазорати додгустарии Эрон мувофиқат кард.
Бар ин асос, ин вазорат муҷоз аст бо ҳамоҳангии муовинати ҳуқуқии раиси ҷумҳурӣ (умури созишномаҳои байналмилалӣ) ва Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин хусус, иқдом ва мароҳили қонуниро то тасвиби ниҳоӣ пайгирӣ кунад.
Министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон посетил Выставку военной техники Исламской Республики Иран, а также вооружения и тяжелой военной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Раҳимзода бо Эрон боздошти ҷинояткорон тариқи “Интерпол”-ро ба миён гузошт - акс
Ҳамчунин бо имзои муовини раиси Ҷумҳурии Эрон Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, тасвибномаи мавзӯи барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддӣ байни давлатҳои Эрон ва Ироқ иблоғ шуд.
Ҳайати вазирони Эрон дар ҷаласаи 9 июн 2021 ба пешниҳоди Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, бо барқарории муқаррароти лағви раводиди 45 -рӯза барои дорандагони шиносномаи оддӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ ба шарти амали мутақобил мувофиқат кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала