Вазири хориҷаи Украина мехоҳад лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ-2”-ро бо Қрим иваз намояд

© AP / Bernd WuestneckCудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото
Cудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Вазири хориҷаи Украина ба Русия пешниҳод кардааст, ки бар ивази роҳандозии лоиҳаи лулаи гази “Маҷрои Шимолӣ-2” Қримро дубора ба Украина баргардонад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба барои Русия шарте барои роҳандозии лоиҳаи “Маҷҷрои Шимолӣ - 2” пешниҳод кард, иттилоъ додааст РИА Новости.
"Мо мухолифи ин лоиҳа мебошем. Шарти оғози кори он бояд озод кардани қаламрави мо ва амнияти энержии Украина бошад. Ин ҷуброни одилона барои таҳдидҳо аст", - навиштааст Кулеба дар твиттер.
Вай қайд кард, ки ин масъаларо дар музокироти Берлин ба миён гузоштааст.
Специалист работает на территории газораспределительного центра магистрального газопровода Северный поток-2 в городе Любмин в Германии. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Эълони ҷанги охирин бар зидди "Маҷрои Шимолӣ 2"
Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” сохтани ду хатти лӯлаи газро бо иқтидори 55 миллиард метри мукааб дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмон пешбинӣ мекунад.
Ба ин лоиҳа Украина шадидан мухолиф аст. Украина тарс дорад, ки даромаде, ки аз транзити гази Русия мегирад аз даст медиҳад.
Сохтмони лӯлаи газ аллакай дар арафаи анҷомёбист: қисми аввали лоиҳаи Маҷрои Шимолӣ-2 омодааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки қисми дуюм дар зарфи якуним-ду моҳи дигар ба итмом расад.
Русия борҳо таъкид кардааст, ки лӯлаи газ ба Олмон як лоиҳаи тиҷоратист, ки ба сиёсат рабте надорад. Маскав ёдовар шуд, ки лӯлаи газ барои Иттиҳоди Аврупо муфид аст. Берлин, дар навбати худ, ҷонибдори ба итмом расонидани сохтмони “Маҷҷрои Шимолӣ-2” мебошад ва таҳримҳои яктарафаи Амрикоро қабул надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала