Ҳафт варзишгари тоҷик ба Бейрут сафар карданд

© из личного Далера ФозиловаЧемпионат таэквондо
Чемпионат таэквондо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Варзишгарони тоҷик миёни намояндагони 30 давлатмаҳорати худро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар Лубнон 24 - умин Қаҳрамонии Осиё баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад Федератсияи таеквондои кишвар.
Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонӣ оид ба таеквондо аз 16 то 18 июн дар шаҳри Бейрут сурат хоҳад гирифт. Ҷамъан ин мусобиқа варзишгарони 186 кишвар аз давлатро гири ҳам меорад.
Баромади таэквандочиёни Тоҷикистон дар ЧҶ-2015 дар Булғористон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2016
Дар пойтахти ҶТ қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо баргузор гардид
Манбаъ меафзояд, аз Тоҷикистон Шоҳрух Баротов, Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов сафарбар гардиданд.
Илова бар ин, миёни бонувон, Тоҷикистонро Муниса Ойматова, Муниса Исматова ва Моҳру Ҳалимова намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷикро Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала