Ҳам пул гирифту ҳам мошин: боздошти зани 40-сола дар пойтахт барои мардумфиребӣ

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ошкор намудани ду ҷинояти мардумфиребӣ ва боздошти як зану як мард хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми майи соли равон, як зани 40-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро фиреб дода пулу мошинашро гирифта дигар барнагардондааст.
Ба гуфтаи ин мард зани 40- сола ба бовариаш даромада, аз ӯ 800 доллар ва як адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”-ро гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 2-моҳ маблағу мошинро бармегардонад.
Ба гуфтаи аризадиҳанда то ҳол ин зан на пулу на моҳинро барнагардондааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин ҳодиса дар дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, воқеъ дар назди бинои идораи нотариалӣ сурат гирифтааст.
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2020
Мардумфиребӣ: 96 ҳазор сомонӣ гирифту, хоҷагии "Маҳмуд" - ро ҳуҷҷатгузорӣ накард
Марди 29-сола таъкид доштааст, ки мошини “Тайота-Каролла”, ки ин зан аз худ кардааст, 24 ҳазору 500 доллар арзиш доштааст.
Инчунин, кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 31-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намуданд.
Гуфта шудааст, ки номбурда, тахминан моҳи майи соли 2017, дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала