Дуду оташи хатарнок: дар Амрико ду рӯз боз як корхонаи кимиёвӣ месӯзад– видео

Обуна шудан
Маводҳои кимёие, ки бо оташ месузанд, метавонанд ба саломатии сокинони маҳаллӣ таҳдид кунанд
Дар корхонаи кимиёвии Chemtool Inc, дар Роктон, иолоти Иллинойс сӯхтори азим рух дод. Бино ба навиштаи Chicago Tribune, беш аз ҳазор нафар сокинон аз хонаҳо ва идораҳои наздик фавран кӯчонида шуданд.
Ба шаҳрвандон дар ҳудуди чаҳор километр аз маҳалли сӯхтор тавсия дода мешавад, ки ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд. Афсарони Горди миллӣ ба ҷои ҳодиса расиданд.
The Chicago Tribune қайд мекунад, ки дар ин корхона равғанҳои молидании саноатӣ истеҳсол карда мешаванд, ки аз ҷумла пайвастҳои сурб ва кислотаи сулфат мебошанд.
В Новосибирске на складе около газовой заправки произошел взрыв - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Панҷ таркишу сутуни оташ: сӯхтори даҳшатноки НФС дар Новосибирск – видео
Маълум аст, ки сӯхтор соати 07:00 субҳ сар задааст (соати 15:00 14 июн ба вақти Маскав). Оташнишонон то ҳол натавонистаанд оташро хомуш намоянд. Ҳангоми хомӯшкунӣ яке аз оташнишонон осеб дидааст.
Дар ибтидо наҷотбахшон кӯшиш карданд, ки алангаи оташро бо об хомӯш кунанд, аммо пас аз он тасмим гирифтанд, ки бинобар эҳтимолан ворид шудани моддаҳои кимиёвӣ ба дарёи Рок, шохоби Миссисипи, усули дигареро интихоб кунанд.
Дар айни замон, кормандони ҳолатҳои фавқулодда самти шамолро назорат мекунанд, ки дуд ва хокистари хатарнокро дар атрофи минтақа паҳн кардааст.
Ба гуфтаи директори Агентии ҳифзи муҳити зисти Иллинойс Ҷон Ким, сокинони маҳаллӣ маҷбуранд чораҳои иловагии амниятӣ андешанд ва вобаста ба шароити обу ҳаво паноҳгоҳ ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки аҳолии Роктон тақрибан ҳашт ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин шаҳр дар сад километрии шимолу ғарби Чикаго ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0