Гумонбарони қатли Маҳмадов бо се фарзанд дар Ҷайҳун боздошт шуданд

Обуна шудан
Феълан се нафар бо иттиҳоми содир намудани ин ҷинояти мудҳиш дастгир гардиданд. Аммо сабаби қатли бераҳмонаи оилаи Маҳмадов то ҳол норушан аст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар робита ба қатли бераҳмонаи 4 узви оилаи Маҳмадовҳо дар деҳаи Торғаки ноҳияи Ҷайҳун се нафар боздошт гардидаанд, менависад Pressa.tj бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия.
Манбаъ меафзояд, бовуҷуди дастгир шудани се муттаҳам дар қатли ин хонавода, ҳанӯз омили асосии даст ба ин кори даҳшатбор задан, номаълум аст.
Ҳамзамон, шахсияти гумонбаршудаҳо низ то ҳол ифшо нагардидааст.
Ёдовар мешавем, оилаи Аҳлиддин Маҳмадов дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, ки дар натиҷа худи сарвари оила бо се кӯдакаш кушта шуданд.
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Куштори мудҳиши Маҳмадов ва кӯдаконаш дар Ҷайҳун: феълан чӣ маълум аст?
Он замон як сокини маҳҳалӣ бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, модар ва духтари хонадон ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадов ва фарзандонаш, соли таваллудашон 2007, 2008 ва 2010 кушта шуда, модару духтар зинда мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд.
Мақомот пас аз сар задани ин ҳодисаи нангин расман қазияро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид намуданд, ки феълан ҷустуҷӯи омилони ҷинояти мудҳиш идома дорад.
Дар мавриди шахсияти Аҳлиддин Маҳмадов гуфта мешавад, ки чун сокинони дигари деҳа кишоварзӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0