Мунтахаби Тоҷикистон тими Мянмарро голборон кард

© сомонаи тими "Истиқлол"Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт
Аз Душанбе ба Мадрид: футболбози ҷавони тоҷик ба дастаи испанӣ гузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Комрон Турсунов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев муаллифони голҳо ба дарвозаи тими Мянмар мебошанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон тими Мянмарро мағлуб намуд ва имкони бештари роҳ ёфтан ба даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии - 2022 -ро касб кард.
Ин бозӣ рӯзи 15 июн дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор гардид ва Тоҷикистон бо ҳисоби бузург футболбозони Мянмарро шикаст дод.
Шогирдони Усмон Тошев ҳарифони худро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуданд.
Тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Ҳамоиши тамринии тими мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай
Дар ин бозӣ голҳоро Комрон Турсунов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев ба самар расониданд.
Ногуфта намонад, ки дар ин бозӣ пирӯзӣ барои тими миллии Тоҷикистон бисёр зарур буд.
Ҳоло роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2022 аз натиҷаи бозиҳои дигар гурӯҳ вобастагӣ дорад.
Дар поёни даври дуюм ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаҳои беҳтарини ҷойи дуюми гурӯҳ ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд. Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъд аз 7 бозӣ 10 имтиёз ба даст оварда, дар мақоми 2-юми гурӯҳи "F" қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0